Skip Links

News Item

САҲА мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тақвияти иқтидори муқовимат ба киберҷиноятҳо дастгирӣ кард

Аз 24 то 28 ноябри соли 2025, САҲА иштироки ду корманди Вазорати корҳои дохилӣ ва як прокурори Прокуратураи генералиро дар омӯзиши амалии панҷрӯза оид ба асосҳои криминалистикаи рақамӣ ва мубориза бо киберҷиноятҳо мусоидат кард.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Аз 24 то 28 ноябри соли 2025, САҲА иштироки ду корманди Вазорати корҳои дохилӣ ва як прокурори Прокуратураи генералиро дар омӯзиши амалии панҷрӯза оид ба асосҳои криминалистикаи рақамӣ ва мубориза бо киберҷиноятҳо мусоидат кард. Омӯзиш дар Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон дар Тошканд ташкил карда шуд ва аз ҷониби коршиносони маҳаллии зертобеъи Академия гузаронида шуд.

Барномаи ҳамаҷониба мавзӯъҳои калидиро, аз ҷумла методологияҳои пешрафтаи криминалистикаи рақамӣ, чорчӯбаҳои ҳуқуқӣ барои ҷамъоварии далелҳои рақамӣ ва таҳлили муқоисавии таҷрибаҳои беҳтарини кунуниро фаро гирифт. Иштирокчиён инчунин таҷрибаи амалиро дар истихроҷи маълумот аз захираҳои давлатӣ ба даст оварданд, таъсири технологияҳои blockchain барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро омӯхтанд, дар бораи нақши платформаи рақамии Kodex дар мубориза бо киберҷиноятҳо маълумот гирифтанд ва усулҳои тафтишотро барои ошкор кардани фаъолиятҳои Dark Web (дарквеб-интернети ғайриқонунӣ) омӯхтанд. Илова бар ин, дар омӯзиш стратегияҳо барои тақвияти ҳамкории фаромарзӣ дар самти киберамният таъкид карда шуданд.

Ин ташаббус барои муҷаҳҳаз кардани иштирокчиён бо малакаҳо ва донишҳои пешрафта барои ҷамъоварии самараноки иттилооти киберҷиноятӣ, ворид кардани таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ ба методологияҳои амалиётии онҳо равона карда шудааст.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan