News Item
САҲА курси дуюми таълимиро оид ба криминалистикаи рақамӣ ва истифодаи манбаъҳои кушодаи иттилоот (OSINT) барои мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.
«Бо афзоиши фаъолиятҳои ҷиноӣ дар интернет, тақвияти иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аҳамияти ҳалкунанда дорад, бахусус дар минтақаҳое ба монанди Осиёи Марказӣ, ки дар он ҷо технологияҳои рақамӣ босуръат рушд мекунанд, ва мақомоти адлияи ҷиноӣ бояд қобилиятҳои худро барои аксуламали муассир пайваста мутобиқ кунанд», - гуфт Юан Тодд, Роҳбари Бахши сиёсӣ-низомии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Аз 25 то 27 августи соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси дуюми таълимии махсусро оид ба “Асосҳои криминалистикаи рақамӣ ва истифодаи манбаъҳои кушодаи иттилоот (OSINT) барои мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ” барои 18 намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кард.
Дар ин омӯзиш 13 корманди Вазорати корҳои дохилӣ ва панҷ прокурори Прокуратураи генералӣ иштирок карданд. Омӯзиши серӯзаро ду коршиноси байналмилалӣ аз Академияи ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор карданд.
Омӯзиши мазкур қисми як ташаббуси минтақавӣ мебошад, ки бо Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамоҳанг карда шудааст. Ин ташаббус аз се курси таълимӣ иборат аст: ду курс дар Душанбе ва яке дар Тошканд, ки ба такмили ихтисос барои тафтиш ва ҳалли ҷиноятҳои киберӣ нигаронида шудаанд.
«Бо афзоиши фаъолиятҳои ҷиноӣ дар интернет, тақвияти иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аҳамияти ҳалкунанда дорад, бахусус дар минтақаҳое ба монанди Осиёи Марказӣ, ки дар он ҷо технологияҳои рақамӣ босуръат рушд мекунанд, ва мақомоти адлияи ҷиноӣ бояд қобилиятҳои худро барои аксуламали муассир пайваста мутобиқ кунанд», - гуфт Юан Тодд, Роҳбари Бахши сиёсӣ-низомии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.
Пас аз маросими ифтитоҳ, арзёбии ибтидоии дониши иштирокчиён гузаронида шуд, ки ба устодон имкон дод, ки машғулиятҳоро ба ниёзҳои иштирокчиён мутобиқ кунанд. Барнома намудҳои гуногуни ҷиноятҳои киберӣ, мушкилоти марбут ба таснифоти онҳо, асосҳои криминалистикаи рақамӣ ва заминаи ҳуқуқии танзимкунандаи далелҳои рақамиро фаро гирифт.
Иштирокчиён инчунин мафҳумҳои калидӣ, аз қабили функсияҳои хэш ва нақши онҳоро дар тасдиқи бутунии далелҳои рақамӣ омӯхтанд ва таҷрибаи амалии истифодаи воситаҳои криминалистикаи рақамиро ба даст оварданд. Дар омӯзиш усулҳои истифодаи манбаъҳои кушодаи иттилоот (OSINT) барои тафтишоти ҷиноӣ, аз ҷумла усулҳои паймоиш дар даркнет, инчунин стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории дахлдор дар соҳаи амнияти киберӣ муаррифӣ карда шуданд.
Ин ташаббус ба тақвияти иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тафтишоти самараноки ҷиноятҳои киберӣ ва истифодаи усулҳои криминалистикаи рақамӣ ва истифодаи манбаъҳои кушодаи иттилоот (OSINT) дар кори онҳо мусоидат мекунад.
Read more on this topic
The OSCE bears no responsibility for the accuracy, legality or content of the external links provided.