News Item
САҲА Вохӯрии Гурӯҳи кории соли 2026 оид ба гуногунии гендерӣ дар амалиёти минарӯбӣ дар Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Назорати яроқу аслиҳа, Мубориза бар зидди терроризм
Аз 21 то 22 май, Маркази миллии минарӯбииҶумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) Вохӯрии Гурӯҳи кории соли 2026 оид ба “Гуногунии гендерӣ дар амалиёти минарӯбӣ”-ро дар Душанбе баргузор намуд.
Дар ин чорабинии дурӯза намояндагони Маркази миллии минарӯбӣ, Созмони “Кӯмаки мардуми Норвегия”, Бунёди минарӯбии Швейтсария ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои тақвияти ворид намудани ҷанбаҳои баробарии гендерӣ ва гуногунрангӣ ба сиёсат ва амалиёти минарӯбӣ дар Тоҷикистон ҷамъ омаданд.
Машғулиятҳо хуҷҷатҳои чорчӯбавии байналмилалӣ, аз ҷумла Қатъномаи 1325-и Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид “Занон, Сулҳ ва Амният”, инчунин механизмҳои миллии таъмини баробарии гендерӣ ва усулҳои баназаргирии ҷанбаҳои гендерӣ дар бахши амниятро фаро гирифтанд.
Тавассути презентатсияҳо, машқҳои интерактивӣ ва кори гурӯҳӣ, иштирокчиён малакаҳои амалии худро дар таҳлили гендерӣ ва банақшагирии амалиёт бо баназаргирии ҷанбаҳои гендерӣ тақвият доданд. Дар ҷараёни муҳокимаҳо аҳамияти ҳалли масъалаҳои таъсири гуногуни фаъолиятҳои минакорӣ ва минарӯбӣ ба занон, мардон, духтарон ва писарон барои таъмини натиҷаҳои самараноктар ва устувортар таъкид карда шуд.
Вохӯрии мазкур инчунин платформаеро барои ҳамоҳангсозӣ ва мубодилаи дониш байни ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва байналмилалии минарӯбӣ фароҳам овард, ки дар натиҷа тавсияҳои амалӣ барои ворид намудани минбаъдаи дурнамои гендерӣ ва гуногунрангӣ ба барномаҳои минарӯбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои дастгирии шарикони миллӣ дар пешбурди амалиёти фарогири минарӯбӣ ва мусоидат ба баробарии гендерӣ ҳамчун ҷузъи калидии амнияти ҳамаҷониба ва устувор омода мемонад.