Skip Links

News Item

САҲА дастгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар озмоиши камераҳои баданпӯш барои кормандони нозироти автомобилии шаҳри Душанбе идома медиҳад

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

24 апрели соли 2026, Дафтари барномаҳо дар Душанбе ба Вазорати корҳои дохилӣ 36 камераи иловагии баданпӯш тақдим намуд, ки захираҳои техникии барои нозироти автомобилии Душанбе дастрасро боз ҳам афзоиш дод. Илова бар 24 камераи баданпӯш, ки дар моҳи ноябри соли 2025 пешниҳод шуда буданд, Дафтари барномаҳо то ҳол дар маҷмӯъ 60 дастгоҳро таҳвил додааст. Ин ташаббуси озмоишӣ қисми муҳими кӯшишҳои доимии такмили таҷрибаи амалии ҳифзи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ мешавад.

Илова бар тақдими  камераҳои баданпӯш, Дафтари барномаҳо аз 20 то 24 апрели соли 2026 барои 55 корманди нозироти автомобилӣ (ҳама мард) панҷ омӯзиши амалӣ баргузор намуд. Ин омӯзишҳои амалӣ ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва амалии истифодаи самараноки технологияи нав нигаронида шуда, кормандонро бо малакаҳои зарурӣ барои ворид кардани камераҳои баданпӯш ба хизмати ҳаррӯзаи худ муҷаҳҳаз карданд.

Камераҳои баданпӯш қодиранд, ки то 24 соат пайваста сабти видео ва аудио кунанд, наворҳои баландсифатро таъмин кунанд ва барои кор дар шароити душвор, аз ҷумла ҳарорати шадид, тарҳрезӣ шудаанд.

Ташаббуси мазкур як қадами муҳим дар самти тақвияти шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Дар назар аст, ки истифодаи камераҳои баданпӯш эътимоди мардумро афзоиш диҳад, ҳуҷҷатгузории объективии муносибатҳои милитсия ва мардумро таъмин кунад ва ба равандҳои таҳлилӣ ва таълимии дохилӣ мусоидат кунад.

Полковник Толеъзода Аъзам Толиб, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилӣ, дар маросими тақдими лавозимот ширкат варзид ва барои ҳамкории идомаёбанда изҳори сипос кард.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan