News Item
САҲА Ҷаласаи сеюми Шӯрои байналмилалии таълимӣ оид ба маводи таркандаро баргузор кард
11 феврали соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар доираи барномаи “Ҳамкории ҳамаҷониба дар соҳаи маводи тарканда” (ICExH) Ҷаласаи сеюми Шӯрои байналмилалии таълимиро дар формати гибридӣ дар Душанбе баргузор намуд. Ин чорабинӣ доираи васеи ҷонибҳои манфиатдорро барои муколамаи стратегӣ ва ҳамоҳангсозӣ оид ба коҳиш додани хатароти маводи тарканда дар Осиёи Марказӣ муттаҳид кард.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Назорати яроқу аслиҳа
11 феврали соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар доираи барномаи “Ҳамкории ҳамаҷониба дар соҳаи маводи тарканда” (ICExH) Ҷаласаи сеюми Шӯрои байналмилалии таълимиро дар формати гибридӣ дар Душанбе баргузор намуд. Ин чорабинӣ доираи васеи ҷонибҳои манфиатдорро барои муколамаи стратегӣ ва ҳамоҳангсозӣ оид ба коҳиш додани хатароти маводи тарканда дар Осиёи Марказӣ муттаҳид кард.
Ин ҷаласа ҳамчун платформаи динамикӣ барои САҲА, баҳрабардорон ва шарикони байналмилалӣ ва минтақавӣ барои муҳокимаи банақшагирӣ ва татбиқи фаъолиятҳо барои соли 2026 хидмат кард. Иштирокчиён инчунин дарсҳои омӯхташуда ва таҷрибаҳои пешқадами ташаббусҳои қаблиро таҳлил карда,такмили мунтазами татбиқи лоиҳаро таъмин карданд.
Дар чорабинӣ намояндагони Котибот ва намояндагиҳои САҲА, вазоратҳои мудофиа ва қӯшунҳои сарҳадии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фармондеҳии марказии Қӯшунҳои пиёдагарди ИМА (USARCENT) ва Бунёди минарӯбии Швейтсария (FSD) иштирок карданд. Гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар бораи дастовардҳои калидии соли 2025 гузориш дода, тақвими фаъолиятҳои соли 2026-ро муаррифӣ кард, ки чорабиниҳои минбаъдаи таълимӣ ва табодули таҷрибаро муайян кард.
Дар ҷаласаи ниҳоӣ муаррифии «Механизмҳои расонидани кумак дар соҳаи дастгирии коҳиши хатарҳои маводи тарканда ва минарӯбии башардӯстона», ки аз ҷониби Форуми ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти САҲА ва Фармондеҳии марказии Қӯшунҳои пиёдагарди ИМА пешниҳод шуда буд, баргузор гардид, ки дар он ӯҳдадории доимии САҲА ва шарикон барои беҳтар кардани амният ва устуворӣ дар минтақаҳои зарардида таъкид шудааст.
Ин ҷаласа як қадами муҳим дар тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва таблиғи таҷрибаи пешқадами коҳиш додани хатароти тарканда дар Осиёи Марказӣ буд, ки мувофиқи ҳадафи асосии лоиҳа - тақвияти амнияти минтақавӣ ва тақвияти иқтидор мебошад.