Skip Links

News Item

САҲА конфронси байналмилалӣ оид ба покизагии тиҷоратро дастгирӣ кард

12 декабри соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (Агентии мубориза бо коррупсия) дар ташкили Форуми байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Мубориза бо коррупсия дар соҳаи тиҷорат» мусоидат намуд.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Идоракунии самарабахш

12 декабри соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (Агентии мубориза бо коррупсия) дар ташкили Форуми байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Мубориза бо коррупсия дар соҳаи тиҷорат» мусоидат намуд.

Анҷуманро расман директори Агентии мубориза бо коррупсия, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид ва Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Татяна Тсуркан ифтитоҳ намуданд. Дар чорабинӣ ҳудуди 200 ширкаткунанда, аз ҷумла намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ИДМ ширкат доштанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба мусоидат ба фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, дар Форум мавзӯъҳои калидӣ, аз қабили нақши сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар таъмини амнияти иқтисодӣ, дастгирии соҳибкорӣ, мусоидат ба покизагии тиҷорат ва идоракунии корпоративӣ, пешгирии коррупсия тавассути технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, табодули таҷрибаи дахлдори байналмилалӣ ва таҷрибаи пешқадам баррасӣ шуданд.

Дар суханронии ифтитоҳии худ Татяна Тсуркан саривақтӣ ва аҳамияти ин муколамаро барои ташаккули стратегияҳои прагматикӣ ва дурнамо таъкид кард. Ӯ қайд кард, ки “ба даст овардани покизагии тиҷорат масъулияти дастаҷамъиро тақозо мекунад: ҳукуматҳо, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳар кадом нақши алоҳида, вале ҳамдигарро иловакунанда мебозанд”.

Анҷуман бо муаррифии Нақшаи нави чорабиниҳо барои солҳои 2026-2030 оид ба татбиқи Стратегияи давлатии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Ин фаъолият бахше аз дастгирии доимии талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар самти таҳкими идоракунии муассир, пешбурди татбиқи Стратегияи давлатии мубориза бо коррупсия ва таҳкими чаҳорчӯби мубориза бо қонунигардонии маблағҳо (шустушӯи пул) мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan