Даъват ба пешниҳоди дархостҳо: Мактаби тобистонаи журналистика 2026
Training
- Date:
- Location:
- Ҳисор, Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Organized by:
- Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе
- Source:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Озодӣ ва рушди расонаҳо
Қабули дархостҳо барои иштирок дар Мактаби тобистонаи журналистика 2026 то 8 апрел идома дорад. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои иштирок дар барномаи дуҳафтаинаи пуршиддат, ки ба тақвияти журналистикаи касбӣ ва амалияи робита бо ҷомеа дар Тоҷикистон ва саросари Осиёи Марказӣ равона шудааст, довталабонро ба пешниҳоди дархост даъват менамояд.
Бо такя ба таҷрибаи мусбати барномаи озмоишии соли 2025, барномаи соли 2026 минбаъд такмил ва густариш дода шуда, ба иштирокчиён муҳити таълимии сохторбандӣшуда ва амалӣ пешниҳод менамояд, ки талаботи тағйирёбандаи фазои ВАО-ро инъикос мекунад.
Барнома барои мутахассисони ҷавони соҳаи ВАО, рӯзноманигорони навкор, кормандони робита бо ҷомеа, котибони матбуотӣ ва омӯзгорони соҳаи журналистика, ки мехоҳанд малакаҳои худро такмил диҳанд ва ба мушкилоти муҳити рақамии босуръат тағйирёбанда мутобиқ шаванд, пешбинӣ шудааст. Иштирокчиён дар лексияҳо, семинарҳои интерактивӣ, машқҳои амалӣ ва супоришҳои муштарак таҳти роҳбарии мураббиён ва коршиносони ботаҷриба иштирок хоҳанд кард.
Дар ҷараёни барнома иштирокчиён фаҳмиши худро оид ба принсипҳои асосии журналистика, аз ҷумла омодасозии гузориш, мусоҳиба ва ҳикоянависӣ тақвият медиҳанд, инчунин мавзӯъҳои муҳимеро, аз қабили ахлоқи ВАО, озодии баён, санҷиши далелҳо ва муқовимат ба иттилооти бардурӯғ (дезинформатсия)-ро меомӯзанд. Таваҷҷуҳи махсус ба истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъӣ дар журналистика, инчунин ба рушди малакаҳои ҳикоянависии мултимедиявӣ, аз ҷумла таҳияи маводи видеоӣ ва аудиоӣ, равона карда мешавад.
Мактаби тобистона ба омӯзиши амалӣ диққати махсус медиҳад ва ба иштирокчиён имкон фароҳам меорад, ки донишҳои навбадастовардаро дар амал татбиқ намоянд. Тавассути машқҳои роҳнамоишуда, барномаи роҳбаладӣ ва озмоишгоҳҳои амалӣ иштирокчиён рӯйи таҳияи маводи журналистии худ кор карда, таҷрибаи амалӣ ба даст меоранд ва фикру мулоҳизаҳои созанда мегиранд.
Ин барнома ҳамчунин ба таҳкими муколамаи касбӣ ва ҳамкорӣ байни рӯзноманигорон ва кормандони робита бо ҷомеа равона шудааст, ки ба беҳтар гардидани ҳамдигарфаҳмӣ, шаффофият ва ҳамкорӣ байни ВАО ва муассисаҳои давлатӣ мусоидат мекунад. Бо гирди ҳам овардани иштирокчиён аз кишварҳо ва заминаҳои гуногуни касбӣ, Мактаби тобистона ба рушди шабакаҳои касбии фаромарзӣ мусоидат намуда, омӯзиши мутақобиларо ташвиқ мекунад.
Иштирок дар барнома дар тамоми давраи баргузории он — аз 28 июн то 12 июли соли 2026 — ҳатмӣ мебошад.
Шартҳои иштирок ва маълумоти иловагӣ:
• Синну соли иштирокчиён: 18–35 сол
• Иштирокчиён аз саросари Осиёи Марказӣ метавонанд дархост пешниҳод намоянд; аммо хароҷоти сафар аз ҷониби худи иштирокчиён пардохт карда мешавад
• Забонҳои кории барнома: англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ
• Довталабон бояд ангезаи возеҳ барои татбиқи дониш ва малакаҳои дар доираи барнома ба дастовардаашон дар фаъолияти касбӣ ё таҳсилии худ нишон диҳанд
Қабули дархостҳо то 8 апрели соли 2026 (соати 23:59, вақти Душанбе) идома дошта, тавассути пур кардани варақаи дархости онлайн амалӣ мегардад:
https://forms.gle/wMBpz59YWZpnJGv1A