Skip Links

  • Skip to content
  • Skip to main navigation
  • Skip to search
  • Home
  • About us
  • Our work
  • Events
  • News
  • Resources
back to OSCE
OSCE Programme Office in Dushanbe
  • Tajik
  • Home
  • About us
  • Our work
  • Events
  • News
  • Resources

Photo Gallery

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе дар амал

Намояндагони Ассотсиатсияи шӯроҳои занони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари омӯзишӣ ба Кишинёви Молдова, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташкил карда шуд, 3 декабри соли 2024.
© САҲА/Ситора Сангинова | Photo details
Юэн Тодд (дар мобайн), Роҳбари Лоиҳаи «Босуботгардонии минтақаи сарҳади ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон» дар Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба иштирокчӣ, ки Курси чорҳафтаинаи баланд бардоштани зарфияти тактикӣ дар маҳалҳо барои афсарони сарҳадии тоҷик, Отряди сарҳадии Ҳамадонӣ, вилояти Хатлон, бомуваффақият хатм кардааст, шаҳодатномаи хатмро тақдим мекунад, 6 декабри соли 2024.
© САҲА/Жасмин Сатторова | Photo details
Масъулини мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе зимни аксбардории гурӯҳӣ дар ҷараёни сафари мубодилаи байналмилалӣ дар Тирана, Албания, 5 декабри соли 2024.
© САҲА | Photo details
(аз чап ба рост) Исматулло Насриддин, Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кейт Ферон, Иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли САҲА ва Сафир Вилли Кемпел, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе зимни суханронии ифтитоҳӣ дар ҷаласаи солонаи Платформаи шарикӣ дар Душанбе, 24 октябри соли 2024.
© САҲА/Искандар Мирзоғаниев | Photo details
Иштирокчиёни мизи мудаввари дурӯза бахшида ба Рӯзи байналмилалии духтарони Созмони Милали Муттаҳид дар ҷараёни чорабинӣ, ки САҲА дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ, шарикони байналмилалӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил кардааст, Душанбе, 10 октябри соли 2024.
© САҲА/Иномулло Мирбобоев | Photo details
Эми Севимли, Роҳбари Шӯъбаи андозагирии инсонии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (аз мобайн ба чап) ва Бароталӣ Ҳомидзода, Сардори Шуъбаи муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ (аз мобайн ба рост) дар маросими тақдими технологияҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоти идоравӣ, Душанбе, 4 октябри соли 2024.
© САҲА/Иномулло Мирбобоев | Photo details
Иштирокчиёни Форуми дуюми байналмилалии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сирдарё дар Хуҷанд аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҷараёни фаъолияти дастаҷамъӣ, 30 сентябри соли 2024.
© Акс/Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист | Photo details
Афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти курси шиноварии наҷотбахш ва қаиқронӣ дар ҷараёни душворгузари дарёи Сирдарё, Хуҷанд, 3 сентябри соли 2024.
© САҲА/Муқимҷон Машарипов | Photo details
Иштирокчиёни тренинги серӯза оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва идоракунии ҳолатҳо, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оила ташкил карда шудааст, Душанбе, 28 августи соли 2024.
© САҲА/Фирӯза Султонова | Photo details
Мутахассисони соҳаи тиб аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар курси нӯҳрӯзаи минтақавии таълимии тиббӣ, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Остона ва Маркази назорат ва бозрасии аслиҳаи Вазорати мудофиаи Қазоқистон ташкил шудааст, иштирок мекунанд, Алмаато, Қазоқистон, 19 августи соли 2024.
© САҲА/Асафбек Шоназаров | Photo details
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Сербистон ва мақомоти САҲА зимни аксбардорӣ, Баня Лука, Ҷумҳурии Сербистон, Босния ва Ҳерсеговина, 2 июли соли 2024.
© Акс/Маркази матбуоти Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Сербистон | Photo details
Date Date:
25 August 2022
Source Source:
OSCE Programme Office in Dushanbe

Contact

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan

Phone: +992 37 2265014/15/16/17/18
Email: POiD@osce.org

Social media:

@OSCETajikistan
@OSCEDushanbe
@oscedushanbe

Footer

  • Contacts
  • Employment
  • Subscribe for updates
  • Social media
    • Go to X Go to X X
    • Go to LinkedIn Go to LinkedIn LinkedIn
    • Go to Facebook Go to Facebook Facebook
    • Go to Instagram Go to Instagram Instagram
  • Press
  • Partnerships

Footer2

  • Terms of Use
  • Procurement
  • About this website
  • Report wrongdoing
  • Feedback