Skip Links

News Item

Лагери тобистона бо дастгирии САҲА ҷавононро барои пешбурди баробарии гендерӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тавонманд месозад

Аз 30 июн то 3 июли соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лагери тобистонаи ҷавононро дар мавзӯи баробарии гендерӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дастгирӣ кард, ки 22 иштирокчии ҷавонро аз саросари кишвар гирд овард.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Ҳуқуқи инсон, Žene, mir i sigurnost

Аз 30 июн то 3 июли соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лагери тобистонаи ҷавононро дар мавзӯи баробарии гендерӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дастгирӣ кард, ки 22 иштирокчии ҷавонро аз саросари кишвар гирд овард.

Мактаби тобистонаи чоррӯза ба тақвияти дониш ва малакаҳои иштирокчиён дар масъалаҳои баробарии гендерӣ ва пешгирии табъиз, ҳуқуқи инсон, роҳбарӣ, иштироки баробари сиёсӣ ва сулҳу амният нигаронида шуда буд. Лагери тобистона инчунин барои муколамаи ошкоро дар бораи нақши мардон дар ҳалли меъёрҳои зараровари иҷтимоӣ, мубориза бо стереотипҳои гендерӣ ва пешбурди имкониятҳои баробар барои ҳамаи аъзои ҷомеа платформа фароҳам овард.

Тавассути машғулиятҳои интерактивӣ, муҳокимаҳо ва машқҳои амалӣ, иштирокчиён усулҳои инноватсионии ҷалби мардон ва писаронро ба пешбурди баробарии гендерӣ ва эҳтироми бештар ба озодиҳои асосӣ ва ҳуқуқи инсон омӯхтанд. Барнома ҷавононро ташвиқ намуд, ки дар ҷомеаҳои худ ҷонибдорони фаъоли фарогирӣ, таҳаммулпазирӣ ва тағйироти мусбати иҷтимоӣ гарданд.

«Ин мактаби тобистона, ки ҳоло бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе соли чорум баргузор мешавад, асосан барои баланд бардоштани огоҳии ҳуқуқии ҷавонон ва тақвияти таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар байни наслҳои оянда равона шудааст. Аз ин лиҳоз, мо нақши онро дар таълим ва таблиғи ҳуқуқи инсон баланд арзёбӣ мекунем», - гуфт Суҳайлӣ Қодирӣ, Ҳамоҳангсози барномаи таълимии ҳуқуқи инсон дар Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иштирокчиён аҳамияти ин таҷрибаро барои густариши ҷаҳонбинӣ ва барқарор намудани робита бо ҳамсолон аз муҳитҳои гуногун таъкид карданд.

Ҷаҳонгир Қурбонзода, яке аз иштирокчиён, таассуроти худро аз лагери тобистона чунин баён кард: «Омӯзиш хеле ҷолиб ва фарогир буд. Ман маълумоти зиёди муфид гирифтам, донишҳои нав аз худ кардам ва бо одамони аҷиб шинос шудам. Фазо кушода, дӯстона ва меҳмоннавоз буд, ки ин таҷрибаро воқеан мусбат ва хотирмон гардонд».

Лагери тобистона дар доираи кӯшишҳои доимии САҲА барои дастгирии иштироки ҷавонон, пешбурди таълими ҳуқуқи инсон ва ташвиқи иштироки фаъоли ҷавонон дар бунёди ҷомеаҳои фарогир, осоишта ва устувор баргузор гардид.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan

Anisa Hojieva

National Communications and Outreach Officer

OSCE Programme Office in Dushanbe

Communications and Reporting Unit

18a Ahmadi Donish street
Dushanbe
Tajikistan