Skip Links

News Item

САҲА семинари миллиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгирӣ кард

27 ноябри соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Дафтари Котиботи САҲА оид ба таҳдидҳои фаромиллии ва ИНТЕРПОЛ, семинари дурӯзаи миллиро оид ба истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба итмом расонд.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Мубориза бар зидди терроризм

27 ноябри соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Дафтари Котиботи САҲА оид ба таҳдидҳои фаромиллии ва ИНТЕРПОЛ, семинари дурӯзаи миллиро оид ба истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба итмом расонд.

Дар чорабинӣ мазкур намояндагони Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовар ҷамъ омаданд, то тарзи истифодаи зеҳни сунъиро дар фаъолияти пулис ҳангоми ҳифзи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун баррасӣ кунанд.

Иштирокчиён бо маҷмӯаи асбобҳои ИНТЕРПОЛ-ЮНИКРИ (Институти тадқиқоти байниминтақавии ҷинояткорӣ ва адлияи СММ) оид ба зеҳни сунъӣ ва “Принсипҳои навовариҳои масъулиятнок дар соҳаи зеҳни сунъӣ шинос карда шуданд, ки роҳнамоии амалиро дар бораи он пешниҳод мекунанд, ки чӣ гуна мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд зеҳни сунъиро бо масъулият ва мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ҷорӣ намоянд. Дар машғулиятҳо мафҳумҳои асосии зеҳни сунъӣ, таъсири онҳо ба ҳуқуқи инсон, таҳқиқоти соҳавии ҷаҳонӣ ва роҳҳои институтсионалии истифодаи масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъиро фаро гирифтанд.

Дар маросими ифтитоҳи семинар, доктор Фарҳод Абдураҳмонов, Мушовири миллии  барномаҳои Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, таъкид кард: “Зеҳни сунъӣ на танҳо як навоварии техникӣ, балки як мушкили низоми идоракунӣ аст. Афзалияти мо ин аст, ки ҳар як қадами қабул намудани зеҳни сунъӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо риояи ҳуқуқи инсон сурат гирад. Семинари мазкур имкониятест барои тақвияти иқтидорҳои миллӣ ва рушди ҳамкории байниидоравӣ оид ба ҷорӣ намудани масъулиятноки навовариҳо”.

Отабек Рашидов, Роҳбари барномаҳои Воҳиди амалиёти зиддитеррористии Дафтари Котиботи САҲА оид ба таҳдидҳои фаромиллӣ, қайд кард: “САҲА оид ба дастгирии кишварҳои узв дар азхудкунии имкониятҳо ва бартараф намудани хатарҳои зеҳни сунъӣ уҳдадор аст. Бо пайваст кардани роҳнамоии ҷаҳонӣ бо таҷрбаҳои миллӣ, мо ба он мусоидат мекунем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд технологияро бидуни халалдор кардани озодиҳои асосӣ истифода баранд. Ин семинар қисми кӯшишҳои васеътари мо барои мусоидат ба амният тавассути ҳамкорӣ мебошад”.

Антонио Фарело, Роҳбари бахши инноватсия ва технология дар Қароргоҳи INTERPOL дар Лион, қайд кард: “Асбобҳои зеҳни сунъӣ метавонанд тафтишот ва самаранокиро беҳтар кунанд, аммо онҳо бояд бомасъулият истифода шаванд. Маҷмӯаи асбобҳои зеҳни сунъӣ, ки аз ҷониби ИНТЕРПОЛ ва ЮНИКРИ таҳия шудааст, қадамҳои амалиро барои ҳамгиро намудани чораҳои муҳофизатӣ дар тамоми давраи ҳаёти система пешниҳод мекунад. Ҳадафи мо ин аст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҷорӣ намудани навовариҳоро бо нигоҳ доштани ҳамзамони эътимоди ҷамъиятӣ ва ҷавобгарӣ имконият диҳем”.

Семинар бо кори гурӯҳӣ ва машқҳои амалӣ ба анҷом расид, ки ба иштирокчиён имкон дод, ки дар бораи роҳҳои институтсионалии қабули масъулиятноки зеҳни сунъӣ андеша кунанд ва барномаҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъиро барои рушди касбӣ озмоиш намоянд.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan