Skip Links

News Item

Форуми расонаҳои рақамӣ 2025 таъсири зеҳни сунъӣ ба журналистика ва саводнокии рақамиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меомӯзад

22 ноябри соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо ҳамкории ЮНИСЕФ, TIKA, сафоратҳои Фаронса, Олмон ва Британияи Кабир ва Ширкати Tcell Форуми расонаҳои рақамиро баргузор намуд.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Озодӣ ва рушди расонаҳо

22 ноябри соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо ҳамкории ЮНИСЕФ, TIKA, сафоратҳои Фаронса, Олмон ва Британияи Кабир ва Ширкати Tcell Форуми расонаҳои рақамиро баргузор намуд.  

Дар ин чорабинӣ қариб 150 рӯзноманигор, блогнависон ва мутахассисони расонаҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омаданд, то бубинанд, ки чӣ гуна расонаҳо ба фазои рақамӣ гузаштаанд ва чӣ гуна технологияҳои нави рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ (ЗС), манзараи воситаҳои ахбори оммаро аз нав ташаккул медиҳанд. 

Дар рафти мусоҳибаҳои ҷолиб ва дарсҳои устодӣ, ки аз ҷониби коршиносон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркия ва Британияи Кабир гузаронида шудаанд, иштирокчиён доираи васеи мавзӯъҳоро, аз зеҳни сунъӣ дар утоқи хабарӣ ва гузоришдиҳӣ дар асри рақамӣ то санҷиши далелҳо, бехатарии онлайн ва ҳуқуқҳои рақамӣ, муҳокима карданд. 

Хонум Татяна Туркан, Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, пешсафии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар навовариҳои рақамӣ, аз ҷумла таъсиси Шӯрои зеҳни сунъӣ, таъкид кард. Ӯ инчунин ба Дастурамали САҲА “Дар мадди назар зеҳни сунъӣ ва озодии баён” ишора кард, ки аз кишварҳои иштирокчӣ даъват мекунад, ки барномаҳои устувори ВАО ва саводнокии рақамиро пеш баранд. “Саводнокии рақамӣ ба афрод қудрат мебахшад ва муқовиматро бар зидди маълумоти нодуруст афзоиш медиҳад. Зеҳни сунъӣ як абзори пуриқтидор аст ва таъсири он аз он вобаста аст, ки мо онро то чӣ андоза бомасъулият, баодоб ва интиқодӣ истифода мебарем”, - афзуд ӯ. 

«Ба ман машғулият дар бораи ҳифзи овозҳои худ дар интернет хеле писанд омад. Дар он ахбороти қалбакии зиёде мавҷуданд ва фиреб хӯрдани ҳар кас осон аст. Акнун ман медонам, ки аз чӣ эҳтиёт шавам ва чӣ гуна овози худро ҳифз кунам», - гуфт Абубакр Абдуқаюмов, иштирокчии форум ва узви Гурӯҳи машваратии ҷавонони ЮНИСЕФ. 

Форум инчунин аҳамияти афзояндаи ВАО ва саводнокии рақамиро дар ҷаҳоне таъкид кард, ки хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва зеҳни сунъӣ метавонанд ҳам кори идораҳои расонаҳои хабариро муассир гардонад ва ҳам мундариҷаи қалбакиро тавлид кунанд. Яке аз паёмҳои асосӣ ин буд, ки тақвияти малакаҳои саводнокии медиявӣ дар байни ҷавонон - то онҳо тавонанд ба мундариҷаи тавлидшудаи зеҳни сунъӣ ба таври интиқодӣ муносибат кунанд - ба ташаккули муҳити рақамии бештар бехатар ва этикӣ мусоидат мекунад. 

Бо муттаҳид кардани рӯзноманигорон, коршиносони ВАО, блогерҳо, донишҷӯён ва шахсони мӯътабар, Форуми расонаҳои рақамӣ 2025 ба таъсиси ҷомеаи мутахассисони ҷавоне мусоидат кард, ки барои истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъӣ, ҳифзи овозҳои онлайнии худ ва муқовимат ба маълумоти қалбакӣ дар асри дипфейкҳо (мундариҷаи қалбакӣ бо истифодаи зеҳни сунъи) муҷаҳҳазанд.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan