Report
Тафсири Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тафсири модда ба моддаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022 № 1852, 1 сентябри соли 2022 эътибор гирифта масъалаҳои ҳуқуқӣ ва амалиеро, ки ҳангоми истифодаи меъёрҳои қонунгузории манзил ба миён меоянд, шарҳ медиҳад. Дар таҳияи шарҳу тавзеҳот коршиносони Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» ва коршиносони мустақил дар соҳаи ҳуқуқ ба манзили муносиб иштирок намуданд. Тафсир инчунин ба натиҷаҳои таҳлили баррасии рафти татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он дар марҳилаи аввал (2021-2025) аз нигоҳи оид ба такмили қонунгузорӣ, ки ба мубориза бар зидди коррупсия дар соҳаи қонунгузории манзил ва замин нигаронида шудааст (Ҳисоботи мониторинг, 2022-2023), асос ёфтааст (Ҳисоботи мониторинг, 2022-2023). Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе таҳияи ҳисоботи мониторинг (2022-2023) ва инчунин нашри тафсирро (2024) дастгирӣ намуд. Ин фаъолият дар доираи дастгирии доимии САҲА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди идоракунии самаранок ва татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ сурат гирифт. Нашрия ба забони точикӣ дастрас аст.
- Date:
- Source:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Publisher:
- Organization for Security and Co-operation in Europe
- Our work:
- Идоракунии самарабахш