Skip Links

  • Skip to content
  • Skip to main navigation
  • Skip to search
  • Home
  • About us
  • Our work
  • Events
  • News
  • Resources
back to OSCE
OSCE Programme Office in Dushanbe
  • English
  • Русский
  • Tajik
  • Home
  • About us
  • Our work
  • Events
  • News
  • Resources

Photo Gallery

Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид ба Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташриф овард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (аз рост) ва Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид дар Душанбе, 7 июни соли 2022.
© Акс/Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон | Photo details
Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид (дар мобайн) ва иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Сафир Вук Жугич (аз чап) зимни мулоқоти дуҷониба бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, 7 июни соли 2022.
© Акс/ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон | Photo details
Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», Душанбе, 7 июни соли 2022.
© САҲА/Дидор Саъдуллоев | Photo details
Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси парлумони Тоҷикистон ва роҳбари Алянси занони парлумон (аз чап) дар маросими тақдими ёдгории миллӣ ба Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид, Душанбе, 6 июни соли 2022.
© САҲА/Дидор Саъдуллоев | Photo details
Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид (аз рост) бо сухани ифтитоҳӣ дар форуми пешазконфронси “Форуми оби занон: баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогирӣ – об моро муттаҳид мекунад”, Душанбе, 6 июни соли 2022.
© САҲА/Дидор Саъдуллоев | Photo details
Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид (дар мобайн) бо Шабакаи мушовирзанони САҲА барои мутахассисони соҳаи об, Душанбе, 6 июни 2022.
© САҲА/Дидор Саъдуллоев | Photo details
(аз чап аз рост) Мэрилин Ҷозефсон, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон; Ҳелга Мария Шмид, Дабири кулли САҲА; Далер Ҳамидов, Корманди миллии идоракунии сарҳадот дар Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар маросими супоридани таҷҳизоти муҳофизатӣ, техникӣ ва нақлиётӣ барои истифода дар марз бо Афғонистон, Душанбе, 6 июни соли 2022.
© САҲА/Дидор Саъдуллоев | Photo details
Ҳелга Мария Шмид, Дабири кулли САҲА ва генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар маросими супоридани таҷҳизоти муҳофизатӣ, техникӣ ва нақлиётӣ барои истифода дар марз бо Афғонистон, Душанбе, 6 июни соли 2022.
© САҲА/Дидор Саъдуллоев | Photo details
Тахмина Аҳмедова (аз чап), Ёрдамчии калони лоиҳаҳо оид ба масоили минаҳо дар Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, ба Дабири Кулл маҷмӯи воситаҳои безараргардонии минаҳоро нишон медиҳад, Душанбе, 6 июни соли 2022.
© САҲА/Дидор Саъдуллоев | Photo details
Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид ҳангоми пӯшидани кулоҳи муҳофизатӣ ва камарбанди муҳофизатӣ дар вақти ташриф ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, 6 июни соли 2022.
© САҲА/Дидор Саъдуллоев | Photo details
Иштирокчиёни Курси 32-юми барои занони пешво, ки аз ҷониби Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ ташкил шудааст, кормандони Коллеҷ ва Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид ҳангоми аксбардории гурӯҳӣ, Душанбе, 6 июни соли 2022.
© САҲА/Дидор Саъдуллоев | Photo details
Кормандони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Дабири Кулл ҳангоми ташриф ба Дафтар аксбардорӣ мекунанд, Душанбе, 6 июни соли 2022.
© САҲА/Дидор Саъдуллоев | Photo details

6 ва 7 июни соли 2022 Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид ба Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташриф овард.

Дабири кулл зимни сафараш бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини раиси парлумони Тоҷикистон ва раиси Иттиҳоди занони парлумон Дилрабо Мансурӣ, инчунин бо намояндагони ахли ҷомеа мулоқот кард.

Дабири кулл дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо САҲА ва дигар ҷонибҳои манфиатдори байналмилалӣ баргузор гардид, иштирок намуд. Вай инчунин форуми пеш аз конфронси «Форуми оби занон: баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогирӣ – об моро муттаҳид мекунад»-ро ифтитоҳ намуд.

Шмид бо кормандони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ мулоқот намуда, садоқат ва маҳорати касбии онҳоро баҳои баланд дод.

Date Date:
15 November 2024
Source Source:
OSCE Programme Office in Dushanbe

Contact

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan

Phone: +992 37 2265014/15/16/17/18
Email: POiD@osce.org

Social media:

@OSCETajikistan
@OSCEDushanbe
@oscedushanbe

Footer

  • Contacts
  • Employment
  • Subscribe for updates
  • Social media
    • Go to X Go to X X
    • Go to LinkedIn Go to LinkedIn LinkedIn
    • Go to Facebook Go to Facebook Facebook
    • Go to Instagram Go to Instagram Instagram
  • Press
  • Partnerships

Footer2

  • Terms of Use
  • Procurement
  • About this website
  • Report wrongdoing
  • Feedback