Skip Links

  • Skip to content
  • Skip to main navigation
  • Skip to search
  • Home
  • About us
  • Our work
  • Events
  • News
  • Resources
back to OSCE
OSCE Programme Office in Dushanbe
  • English
  • Русский
  • Tajik
  • Home
  • About us
  • Our work
  • Events
  • News
  • Resources

Photo Gallery

Раиси амалкунандаи САҲА ва вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словакия Мирослав Лайчак ба Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташриф овард

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси амалкунандаи САҲА ва вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словакия Мирослав Лайчак дар Душанбе, 21 майи соли 2019.
© Аксбардор/ Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон | Photo details
Раиси амалкунандаи САҲА ва вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словакия Мирослав Лайчак ва сафир Валериу Кивер зимни мулоқоти дуҷониба бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон, Душанбе, 21 майи соли 2019.
© Аксбардор/Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон | Photo details
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода (аз тарафи рост) ва раиси амалкунандаи САҲА ва вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словакия Мирослав Лайчак, Душанбе, 22 майи соли 2019.
© САҲА/Далер Додоҷонов | Photo details
Раиси амалкунандаи САҲА ва вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словакия Мирослав Лайчак (аз тарафи рост) ва муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода зимни маросими гулчамбаргузорӣ ба назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ, Душанбе, 22 майи соли 2019.
© САҲА/Далер Додоҷонов | Photo details
Мулоқоти расмии ҳайати кормандони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо раиси амалкунандаи САҲА Лайчак ҳангоми ташрифи ӯ ба Дафтар, Душанбе, 22 майи соли 2019.
© САҲА/Фарҳод Набиуллоев | Photo details
Игор Кузминич (аз тарафи чап), роҳбари бахши таълимии Коллеҷи САҲА барои омўзиши кормандони хадамоти сарҳадӣ зимни муаррифии фаъолияти Коллеҷ ба раиси САҲА Лайчак, Душанбе, 22 майи соли 2019.
© САҲА/Фарҳод Набиуллоев | Photo details
Йоҳан Дал (аз тарафи чап), мушовири Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе оид ба поксозии минаҳо зимни намоиши маҷмӯи дастгоҳҳои поксозии минаҳо ба раиси амалкунандаи САҲА Лайчак, Душанбе, 22 майи соли 2019.
© САҲА/Фарҳод Набиуллоев | Photo details
Ҳайати кормандони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва раиси амалкунандаи САҲА Лайчак ҳангоми аксбардории умумӣ, Душанбе, 22 майи соли 2019.
© САҲА/Фарҳод Набиуллоев | Photo details
Намояндагони ҷавонон бо раиси амалкунандаи САҲА Лайчак селфи мекунанд, Душанбе, 22 майи соли 2019.
© САҲА/Фарҳод Набиуллоев | Photo details
Вазир Лайчак зимни суханронӣ дар маросими расмии ифтитоҳии намоишгоҳи аксҳо бахшида ба 25-умин солгарди ҳузури САҲА дар Тоҷикистон, Душанбе, 22 майи соли 2019.
© САҲА/Фарҳод Набиуллоев | Photo details
Меҳмонон дар намоишгоҳи аксҳо, ки таърих ва дастовардҳои САҲА-ро дар Тоҷикистон аз лаҳзаи таъсисдиҳии ҳузури он дар моҳи феврали соли 1994 инҷониб намоиш медиҳад, Душанбе, 22 майи соли 2019.
© САҲА/Мунира Шоинбекова | Photo details

21 ва 22 майи соли 2019 раиси амалкунандаи САҲА ва вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словакия Мирослав Лайчак ба Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташриф овард.

Дар рафти сафари худ вазир Лайчак бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев мулоқот намуд. Ӯ ба Тоҷикистон барои дастгирии қатъӣ ва созандаи фаъолияти Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар давоми 25 сол ва мизбонӣ намудани Коллеҷи САҲА барои омўзиши кормандони хадамоти сарҳадӣ арзи сипос намуд. Роҳбари САҲА бо кормандони САҲА аз Дафтари барномаҳо дар Душанбе, инчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонон мулоқот доир намуд. 22 майи соли 2019, вазир Лайчак ва сафир Валериу Кивер, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар  Душанбе намоишгоҳи аксҳоро бахшида ба 25-умин солгарди ҳузури САҲА дар Тоҷикистон ифтитоҳи расмӣ бахшиданд.

Date Date:
15 November 2024
Source Source:
OSCE Programme Office in Dushanbe

Contact

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan

Phone: +992 37 2265014/15/16/17/18
Email: POiD@osce.org

Social media:

@OSCETajikistan
@OSCEDushanbe
@oscedushanbe

Footer

  • Contacts
  • Employment
  • Subscribe for updates
  • Social media
    • Go to X Go to X X
    • Go to LinkedIn Go to LinkedIn LinkedIn
    • Go to Facebook Go to Facebook Facebook
    • Go to Instagram Go to Instagram Instagram
  • Press
  • Partnerships

Footer2

  • Terms of Use
  • Procurement
  • About this website
  • Report wrongdoing
  • Feedback