News Item

САҲА дар доир намудани мизи мудаввар барои муаррифии Барномаи таълими экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2026–2030) ҳамкорӣ кард

Рӯзи 12 ноябри соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мизи мудаввари нимрӯзаро баргузор намуданд. Дар он «Барномаи давлатӣ оид ба рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он муаррифӣ гардиданд.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Муҳофизати муҳити зист

Рӯзи 12 ноябри соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мизи мудаввари нимрӯзаро баргузор намуданд. Дар он «Барномаи давлатӣ оид ба рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он муаррифӣ гардиданд. Барнома бо дастгирии техникии коршиносони аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА ва ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалбшуда, таҳия гардидааст.

Чорабинӣ ба ҳамкории 40 нафар намояндагони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои давлатӣ ва шарикони байналмилалӣ мусоидат намуд. Иштирокчиён ҳадафҳо, самтҳои афзалиятнок ва натиҷаҳои пешбинишудаи барномаро муҳокима карданд. Онҳо инчунин тартиби татбиқи он, нишондиҳандаҳои иҷро ва механизмҳои мониторинг, инчунин имкониятҳои маблағгузорӣ ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳоро муҳокима намуданд.

Гулрухсор Тиллоӣ, Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суханронии ифтитоҳии худ қайд кард: 

«Ҳифзи муҳити зист танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест. Ин масъулияти умумии тамоми ҷомеа, аз ҷумла шаҳрвандон, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши тиҷорат ва шарикони рушд мебошад».

Ӯ афзуд: «Барномаи давлатӣ барои солҳои 2026–2030 барои беҳтар кардани таълими экологӣ ва ҷалби фаъолтари мардум ба ҳифзи табиат заминаи мустаҳкам фароҳам меорад. Барои таъмини муҳити зисти солим ва бехатар барои наслҳои ҳозира ва оянда, татбиқи муваффақонаи ин барнома ҳамкории зич ва саъю кӯшиши муштараки ҳамаи шарикон зарур аст».

Судурзода Саидисмон Сайбурҳон, Роҳбари Маркази стандартизатсия, методология ва стандартҳои экологӣ, зимни презентатсия дар бораи «Барномаи таълими экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030», Душанбе, 12 ноябри соли 2026.

Баҳринисо Нарзуллоева, Мушовири миллӣ оид ба масъалаҳои муҳити зист дар Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, гуфт: 

«Мо хушҳолем, ки дар таҳияи ин барнома саҳм гузошта тавонистем ва омодаем, ки ҳамкориро бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар татбиқи амалии он идома диҳем».

Иштирокчиён дар ҷараёни муҳокимаи «Барномаи таълими экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» дар мизи мудаввар, Душанбе, 12 ноябри соли 2026.

Мизи мудаввар барои шарикон имконият фароҳам овард, то саҳми эҳтимолии худро баррасӣ намуда, имкониятҳои ташаббусҳои муштаракро ҷустуҷӯ кунанд. Таҳкими ҳамкориҳо байни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд барои баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ташаккули фарҳанги масъулиятшиносии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи афзалиятҳои миллӣ ва ҳадафҳои рушди устувор, аҳамияти муҳим дорад.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan

Anisa Hojieva

National Communications and Outreach Officer

OSCE Program Office in Dushanbe

18 A A.Donish street
Dushanbe
Tajikistan