News Item
Ҷавонзанони Тоҷикистон ва Афғонистон дар омӯзиши САҲА масъалаҳои роҳбарӣ, дипломатия ва сулҳро меомӯзанд
Аз 5 то 9 октябри соли 2026, САҲА дар шаҳри Душанбе даври дуюми «Курси пешрафта оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳ барои занони ҷавон» - ро баргузор намуд.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Баробарии гендерӣ, Ҷавонон
Аз 5 то 9 октябри соли 2026, САҲА дар шаҳри Душанбе даври дуюми «Курси пешрафта оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳ барои занони ҷавон» - ро баргузор намуд. Омӯзиш ба ҳамкории 20 зани ҷавон аз Тоҷикистон ва Афғонистон мусоидат карда, ҳадаф дошт, ки малакаҳои роҳбарии онҳоро тақвият бахшад ва онҳоро барои саҳмгузорӣ дар соҳаи дипломатия ва сулҳофарӣ омода созад.
Ҳадафи курс фароҳам овардани дониш, малакаҳои амалӣ ва робитаҳои касбӣ барои иштирокчиён буд, то онҳо дар пешбурди сулҳу амният дар минтақаи САҲА ва берун аз он фаъолона саҳм гузоранд. Иштирокчиён тавассути омӯзиши ҳамсолон, муколамаи байнинаслӣ ва муҳокимаҳо бо маърӯзачиёни ботаҷриба доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва дипломатия, сулҳофарӣ, ҳуқуқи инсон, рушди касбӣ ва устувориро баррасӣ карданд. Онҳо инчунин таҷрибаи худро мубодила намуда, мушкилот ва имкониятҳои пешорӯи ҷавонзанонеро, ки дар ин соҳаҳо фаъолияти касбӣ доранд ё мехоҳанд касб интихоб кунанд, муҳокима намуданд.
Парвати Рамасвами (дар марказ), Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, нишасти «Суҳбати сари як пиёла қаҳва»-ро дар мавзӯи «Дипломатия, роҳбарӣ ва насли оянда» дар доираи «Курси пешрафта оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳ барои занони ҷавон» мизбонӣ мекунад, Душанбе, 5 октябри соли 2026.
«Имрӯз занони тоҷик на танҳо иштирокчиёни равандҳои сиёсӣ, балки саҳмгузорони фаъол, боандеша ва масъулиятшинос дар ҳаёти ҷамъиятӣ буда, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги сулҳ, муколама ва ҳамкории созандаро таҷассум мекунанд», – гуфт Мавсума Муинӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муинӣ афзуд: «Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳофарӣ барои ҷавонзанон ташаббуси арзишмандест, ки ба пешбурди иштироки занон дар дипломатия, ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат мекунад».
Фейзо Нуманай, иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбар ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, иштирокчиёнро ташвиқ кард, ки маҳорати роҳбарии худро эътироф намоянд:
«Шумо роҳбарони фардо нестед. Шумо аллакай имрӯз – дар донишгоҳҳо, ҷойҳои корӣ ва ҷомеаҳои худ – роҳбар ҳастед».
Ӯ афзуд: «Мо дар ҳамкорӣ бо Парлумон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ӯҳдадор мемонем, ки садои ҷавонзанон дар ташаккули муколама, қабули қарорҳо ва таҳияи роҳҳои ҳалли масъалаҳо нақш дошта бошад».
Акси гурӯҳӣ ба муносибати оғози даври дуюми Курси пешрафтаи САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳ барои ҷавонзанон бо иштироки 20 ҷавонзан аз Тоҷикистон ва Афғонистон, роҳбарзанони баландпояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, Душанбе, 5 октябри соли 2026.
Омӯзиш бо тавсеаи шабакаҳои касбии иштирокчиён ва тасдиқи ӯҳдадории онҳо барои саҳмгузорӣ ба сулҳу амният ба анҷом расид.
САҲА тавассути сармоягузорӣ ба рушди малакаҳои роҳбарии ҷавонзанон ва тақвияти муколамаи байни наслҳо кӯшиш мекунад, ки иштироки фаъолонаи онҳоро дар соҳаи дипломатия ва сулҳофарӣ таъмин намуда, ба онҳо имкон диҳад, ки дар ҳалли мушкилоти муштараки амниятӣ саҳм гузоранд.