News Item
САҲА курси «Омӯзиши устодон»-ро ташкил намуда, ба Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти технологияҳои иттилотӣ-коммуникатсиониро тақдим кард
Аз 14 то 16 сентябри соли 2026 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои омӯзгорони Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ курси «Омӯзиши устодон»-ро баргузор намуд. Омӯзиш ба се мавзӯи асосӣ бахшида шуд: баназаргирии масъалаҳои гендерӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон ва ҳамкории милитсия бо ҷомеа.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Аз 14 то 16 сентябри соли 2026 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои омӯзгорони Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ курси «Омӯзиши устодон»-ро баргузор намуд. Омӯзиш ба се мавзӯи асосӣ бахшида шуд: баназаргирии масъалаҳои гендерӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон ва ҳамкории милитсия бо ҷомеа.
Дар ин омӯзиш 12 омӯзгор (2 зан ва 10 мард) аз Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ иштирок карданд ва он аз ҷониби коршиноси маҳаллӣ оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ҳуқуқи инсон ва масъалаҳои гендерӣ гузаронида шуд.
Дар рафти машғулиятҳои интерактивӣ, иштирокчиён дониш ва малакаҳои худро барои гузаронидани омӯзиш оид ба ин мавзӯъҳо барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ такмил доданд. Дар курс аҳамияти ҷорӣ намудани усулҳои ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеа нигаронидашуда ба фаъолияти кормандони милитсия таъкид гардид.
Пас аз ба итмом расидани омӯзиш, дар маросиме, ки 17 сентябри соли 2026 баргузор гардид, САҲА ба Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ таҷҳизоти технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсиониро тақдим намуд. Ин ҳадя 20 компютери рӯйимизӣ, шаш проектор бо экран ва шаш принтери бисёрфунксионалиро дар бар гирифт. Таҷҳизоти мазкур ба тақвияти иқтидори таълимии Марказ тавассути дастгирии раванди омӯзиш бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ва воситаҳои таълимии интерактивӣ дар синфхонаҳо мусоидат мекунад.
Омӯзиш ва тақдими таҷҳизот дар доираи кӯшишҳои васеътари САҲА оид ба дастгирии рушди касбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Тавассути ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ, САҲА мусоидат ба татбиқи таҷрибаҳои муосири фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ба ҷомеа нигаронидашударо идома медиҳад. Он инчунин ба такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.