News Item
САҲА платформаи муколамаро оид ба муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад
28 августи соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, дар ҳамкорӣ бо Маркази муқовимат ба савдои одамон дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Душанбе Платформаи муколамаро оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор кард.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон
28 августи соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, дар ҳамкорӣ бо Маркази муқовимат ба савдои одамон дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Душанбе Платформаи муколамаро оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор кард.
Дар ин чорабинӣ 30 намояндаи мақомоти давлатӣ ва аъзои Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон, ки масъули татбиқи Нақшаи миллии амал оид ба муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027 мебошанд, дар баробари намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷамъ омаданд.
Иштирокчиён натиҷаҳо ва тавсияҳои ҷаласаҳои иттилоотиро дар бораи мубориза бо савдои одамон, ки аз феврал то марти соли 2026 барои донишҷӯёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуданд, баррасӣ карданд. Дар давоми Платформаи муколама, Бобоҷон Ҷаҳонгир, сардори Раесати хифзи хукуки кудак дар Вазорати маориф ва илм, натиҷаҳои асосии маъракаи иттилоотиро муаррифӣ кард ва сипас ҷаласаи саволу ҷавоб баргузор шуд.
Дар чорабинӣ инчунин дастури аз ҷониби Дафтари барномаҳо супориш додашуда оид ба гузаронидани тафтишоти ҳамзамони молиявии парвандаҳои хариду фурӯши одамон муаррифӣ карда шуд. Ин дастур, ки бо ҳамкории Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон таҳия шудааст, ба баланд бардоштани дониш ва малакаҳои амалии кормандони тафтишотӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян, пайгирӣ кардан ва мусодираи даромадҳои ғайриқонунӣ аз хариду фурӯши одамон равона шудааст. Фирӯз Сатторов, коршиноси мустақил оид ба мубориза бо хариду фурӯши одамон, дастурро муаррифӣ кард ва дар ҷаласаи саволу ҷавоб иштирок кард.
Иштирокчиён инчунин муҳокимаи ошкоро дар бораи фаъолиятҳои дарпешистода тибқи Нақшаи миллии амал оид ба муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027 баргузор карданд, ки имкони баррасӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои банақшагирифташударо фароҳам овард.
Ин чорабинӣ дар доираи дастгирии САҲА ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ӯҳдадориҳои он оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар оила ва хариду фурӯши одамон, аз ҷумла Қонун ва Нақшаи миллии амал оид ба муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027 сурат гирифт.