Skip Links

News Item

САҲА ва Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо дастрасӣ ба ҳуқуқ ва дастгирии рӯҳиву иҷтимоии ҷабрдидагони минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият медиҳанд

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Назорати яроқу аслиҳа

Аз 11 то 14 августи соли 2026 дар Душанбе семинари чоррӯза оид ба дастгирии байниҳамдигарӣ барои ҷабрдидагони минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ (ЛНҶ) баргузор гардид. Дар ин семинар, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкории зич бо Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо ташкил карда шуд, 16 ҷабрдидагони минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ (3 зан ва 13 мард) аз минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омаданд.

Ҳадафи семинар тақвияти некӯаҳволии рӯҳиву иҷтимоии ҷабрдидагон, устуворӣ ва худбоварӣ, баланд бардоштани дониши онҳо дар бораи ҳуқуқҳо ва хизматрасониҳои мавҷуда ва дастгирии истиқрори иҷтимоӣ ва барқарорсозии онҳо бо истифода аз таҷрибаи муштарак ва дастгирии мутақобила буд.

Ҷузъи ҳуқуқии семинар ба огоҳсозии ҳуқуқӣ дар бораи ҳуқуқҳои ҷабрдидагон ва механизмҳои ҳифзи иҷтимоӣ нигаронида шуда буд. Иштирокчиён дар бораи чорчӯбаҳои ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ, ки ба ҳуқуқҳои ҷабрдидагони минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ ва шахсони маъюб, аз ҷумла ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл, нигоҳубини тиббӣ ва барқарорсозӣ, инчунин имтиёзҳо ва кӯмакпулиҳои мавҷуда марбутанд, маълумот гирифтанд. Презентатсияҳои коршиносон бо супоришҳои гурӯҳӣ ва таҳқиқоти мавридӣ пурра карда шуданд, ки ба иштирокчиён имкон доданд, ки вазъиятҳои амалии ҳуқуқиро муҳокима кунанд, роҳҳои ҳалли имконпазирро муайян кунанд ва дастрасӣ ёфтан ба хизматрасониҳои дахлдорро беҳтар фаҳманд.

Машғулиятҳои дастгирии равонӣ ва байниҳамдигарӣ таҳти роҳбарии равоншинос ва коршиносони Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо ба некӯаҳволии равонӣ, идоракунии стресс ва стратегияҳои мубориза бо мушкилот бахшида шуданд. Бо истифода аз машваратҳои касбӣ, машқҳои гурӯҳӣ, нақшофарӣ, усулҳои паст кардани ҳаяҷон ва дигар фаъолиятҳои интерактивӣ, иштирокчиён воситаҳои амалиро барои идоракунии стресс, баёни эҳсосот ва дастгирии ҳамдигар ба даст оварданд. Дар рафти машқҳои мубодилаи таҷриба инчунин иштирокчиён ба андеша кардан дар бораи воқеаҳои худ ва он ки чӣ гуна дониш ва таҷрибаи онҳо метавонад ба дигар ҷабрдидагон ва оилаҳои онҳо кӯмак кунад,даъват карда шуданд.

Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷабрдидагон “Тақдир”, иштирокчиёнро бо таваҷҷӯҳи махсус ба ҷабрдидагони осебпазир аз минтақаҳои дурдаст бо дастрасии маҳдуд ба хизматрасониҳои махсуси барқарорсозӣ  ва дастгирӣ интихоб кард.

Ин фаъолият ба иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Созишнома оид ба манъи истифодаи минаҳои зиддипиёдагард, Нақшаи амали Сием Рип-Ангкор ва Созишнома дар бораи ҳуқуқи шахсони маъюб мусоидат мекунад, ки ҳамаи онҳо ба ҳуқуқ, ҳимоя ва фарогирии қурбониёни минаҳо ва шахсони маъюб таъкид мекунанд. Ҳамчун қисми ҷудонашавандаи амалиёти поксозии башардӯстонаи минаҳо, кӯмак ба қурбониён аз барқарорсозии ҷисмонӣ берун рафта, дастгирии рӯҳиву иҷтимоӣ, фарогирии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, дастрасӣ ба хизматрасонӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳоро дар бар мегирад.

 

 


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan

Anisa Hojieva

National Communications and Outreach Officer

OSCE Program Office in Dushanbe

18 A A.Donish street
Dushanbe
Tajikistan