News Item
САҲА иқтидори минтақавии кишварҳои Осиёи Марказиро дар дастгирии тиббии амалиётҳои безараргардонии маводи тарканда тақвият медиҳад.
“Курси тиббии минтақавии САҲА таҷрибаи амалии арзишмандро дар соҳаи дастгирии тиббӣ барои амалиёти безараргардонии лавозимоти тарканда фароҳам меорад. Имконияти мубодилаи таҷриба бо ҳамкорони байналмилалӣ ва омӯхтани усулҳои муосири нигоҳубини тиббӣ махсусан муфид буд. Дониш ва малакаҳои дар давоми курс бадастомада барои омода кардани ҳайати сулҳҷӯёнаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки барои иштирок дар миссияҳои Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ шудааст, истифода хоҳанд шуд”, - гуфт Михаил Выдрин, иштирокчии омӯзиш ва роҳбари Хадамоти тиббии Маркази амалиёти сулҳҷуёнаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Назорати яроқу аслиҳа
Аз 3 то 13 августи соли 2026, дар Маркази амалиёти сулҳҷӯёнаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Алмаато курси таълимии минтақавии САҲА оид ба дастгирии тиббии амалиётҳои безараргардонии маводи тарканда (БМТ) баргузор гардид.
Омӯзиши мазкур аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) бо ҳамкории Маркази назорати силоҳ ва дастгирии бозрасии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистонбаргузор карда шуд.
Ҳадафи курс тақвияти тавонмандии касбии кормандони тиббии низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон тақвияти донишу малакаҳои амалии зарурӣ барои таъмини дастгирии муассири тиббӣ ва таъмини аксуламали саривақтӣ ҳангоми амалиётҳои безараргардонии маводи тарканда буд.
Дар маҷмӯъ дар ин омӯзиш 14 мутахассиси тиббӣ, аз ҷумла се зан ва 11 мард аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок карданд. Барнома таълими назариявиро бо машқҳои амалӣ якҷоя карда, доираи васеи мавзӯъҳоро, аз қабили ёрии таъҷилии тиббӣ барои ҷароҳатҳои дар натиҷаи таркиш бардошташуда, муайян кардани афзалиятнокии (навбати) расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба захмиён, банақшагирии эвакуатсияи тиббӣ ва тартибот, инчунин стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаҳои пешқадам дар соҳаи амалиёти минарӯбии башардӯстонаро фаро гирифт.
Илова бар ҷанбаҳои техникии дастгирии тиббӣ, иштирокчиён имкон доштанд, ки табодули таҷрибаи касбӣ кунанд, таҷрибаҳои пешқадамро муҳокима кунанд ва робитаҳои нави касбӣ барқарор кунанд. Чунин ҳамкории байниидоравӣ ва байналмилалӣ барои баланд бардоштани самаранокии аксуламал ба ҳолатҳои фавқулодда, ки бо лавозимоти тарканда алоқаманданд, муҳим аст.
“Курси тиббии минтақавии САҲА таҷрибаи амалии арзишмандро дар соҳаи дастгирии тиббӣ барои амалиёти безараргардонии лавозимоти тарканда фароҳам меорад. Имконияти мубодилаи таҷриба бо ҳамкорони байналмилалӣ ва омӯхтани усулҳои муосири нигоҳубини тиббӣ махсусан муфид буд. Дониш ва малакаҳои дар давоми курс бадастомада барои омода кардани ҳайати сулҳҷӯёнаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки барои иштирок дар миссияҳои Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ шудааст, истифода хоҳанд шуд”, - гуфт Михаил Выдрин, иштирокчии омӯзиш ва роҳбари Хадамоти тиббии Маркази амалиёти сулҳҷуёнаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон.
Анҷоми бомуваффақияти омӯзиш як қадами муҳим ба сӯи тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва баланд бардоштани иқтидор дар соҳаи дастгирии тиббӣ барои амалиётҳои безараргардонии маводи тарканда мебошад. Инчунин, ин нишондиҳандаи омодагии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба дастгирии сулҳ ва амният, инчунин пешбурди ҳамкории башардӯстона ва кӯмаки башардӯстона дар минтақа мебошад.
«Курси тиббии минтақавӣ, ки дар Қазоқистон баргузор шуд, як платформаи муҳим барои мубодилаи касбӣ ва тақвияти ҳамкориҳо байни мутахассисони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Барои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон, рушди салоҳиятҳои амалӣ дар дастгирии тиббӣ барои амалиётҳои безараргардонии маводи тарканда аҳамияти хоса дорад, зеро сатҳи баланди омодагии тиббӣ ҷузъи муҳими таъмини бехатарӣ ва самаранокии чунин амалиёт мебошад», - гуфт майор Бакбер Байкумбоев, афсари Департаменти назорати силоҳ ва Маркази дастгирии бозрасии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон.
Read more on this topic
The OSCE bears no responsibility for the accuracy, legality or content of the external links provided.