Skip Links

News Item

САҲА ислоҳоти ҳуқуқӣ ва иқтидори институтсионалии идоракунии захираҳои обро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ мекунад

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Муҳофизати муҳити зист

Аз моҳи июн то августи соли 2026, Дафтари барномаи САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкории зич бо Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Комиссияи миллии обёрӣ ва дренажии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ машварати ҷамъиятиро оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи обёрӣ ва дренаж (заҳкашӣ)” ва лоиҳаи “Тартиби муқаррар кардани тарифҳо барои хизматрасонии таъминоти об ва коллекторӣ-дренажӣ дар системаҳои беҳдошти замин ва обёрӣ” баргузор кард.

Лоиҳаи ҳуҷҷатҳо, ки бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар соли 2025 таҳия шудаанд, дар машваратҳое, ки дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардидаанд, пешниҳод ва муҳокима карда шуданд. Дар машваратҳо беш аз 100 намояндаи муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои идоракунии об, ҷамоатҳои маҳаллӣ, коршиносони бахши об ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок карданд.

Машваратҳо ба рушди доимии чорчӯбаи ҳуқуқӣ ва институтсионалии идоракунии захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат карданд. Ислоҳоти пешниҳодшуда як қадами муҳим барои тақвияти идоракунии об, равшан кардани расмиёти институтсионалӣ ва беҳтар кардани танзими хизматрасонии таъминоти об мебошанд. Бо ҷамъ овардани ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва минтақавӣ, машваратҳо инчунин ба он мусоидат карданд, ки дурнамои амалии саросари кишвар ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо ба назар гирифта шуда, ба ислоҳоти минбаъдаи ҳуқуқӣ ва идоракунии самараноктар ва устувортари захираҳои об замина гузошта шавад.

Ташаббусҳои мазкур дастгирии доимии Дафтари барномаҳои САҲА-ро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ислоҳоти бахши об ва тақвияти иқтидори институтсионалӣ дар идоракунии об нишон медиҳанд. Дафтари барномаҳо ба пешбурди идоракунии устувори об, тақвияти чорчӯбаи ҳуқуқӣ ва институтсионалии ин бахш ва пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти об ва энергетикӣ мутобиқи ваколат ва ӯҳдадориҳои САҲА омода мемонад.

 

 


Contacts

Anisa Hojieva

National Communications and Outreach Officer

OSCE Program Office in Dushanbe

18 A A.Donish street
Dushanbe
Tajikistan

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan