Skip Links

News Item

САҲА семинарҳоро оид ба татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм дар вилояти Суғд дастгирӣ мекунад.

Пешгирии терроризм ва экстремизм аз оила оғоз мегардад, ки дар он пояҳои ахлоқу маънавият гузошта мешаванд. Дар муассисаҳои таълимӣ дониш, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ташаккул меёбанд, ва дар ҷомеае, ки бар ваҳдат, таҳаммулпазирӣ ва волоияти қонун асос ёфтааст, ин арзишҳо таҳким меёбанд. Танҳо бо иттиҳоди ҷомеа ва саъю талоши муштарак метавон сулҳу субот, амнияти пойдор ва ояндаи дурахшони наслҳои ояндаро таъмин намуд», - гуфт ҷаноби Зафар Тоҷибекзода, Прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва ҷиноятҳои киберӣ дар назди Прокуратураи Генералӣ.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe

Аз 13 июл то 7 августи соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо ҳамкории Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила семинарҳоро барои кормандони давлатӣ дар саросари вилояти Суғд доир намуд.

Дар ин семинарҳо кӯшишҳои маҳаллӣ барои татбиқи Стратегияи миллии пешгирии экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм то соли 2040 ва Нақшаи амали он дастгирӣ карда шуданд. Дар маҷмӯъ 595 намояндаи ҳукумат (136 зан ва 459 мард), аз ҷумла 17 муовини раисони ноҳияҳо ва шаҳракҳои саросари минтақа, иштирок карданд.

Намояндагони ниҳодҳои ҳукумати маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмони ғайриҳукуматии «Ҷавонони пешсаф», низ дар ин ташаббус ширкат варзиданд. Мубодилаи таҷриба барои ҷонибҳои манфиатдор, ки дар татбиқи стратегия иштирок доранд, имкон дод, ки мушкилоти умумиро муҳокима кунанд, табодули таҷрибаи амалӣ кунанд ва ҳамкориро тақвият диҳанд.

Машғулиятҳо ба ҳадафҳо ва афзалиятҳои стратегия, чорчӯбаи татбиқи он ва роҳҳои чен кардани пешрафт нигаронида шуда буданд. Иштирокчиён мушкилоти марбут ба экстремизми хушунатомез ва тундравии террористиро баррасӣ карда, усулҳои амалии тақвияти кӯшишҳои пешгирӣ дар сатҳи маҳаллиро баррасӣ карданд.

“Мубаллиғони созмонҳои экстремистию террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар манбаъҳои иттилоотӣ шаклҳои нави мағзшӯӣ ва ҷалби ҷавононро ба сафҳои худ истифода намуда, тарзу усулҳои истифодашавандаи аксуламал ба онҳо чандон муодил ва муассир намебошанд. Ҳамчунин вусъат ёфтани истифодаи бозиҳои компютерӣ ҳамчун василаи паҳн кардани зӯроварӣ, экстремизм ва терроризм дар байни ҷавонон низ боиси ташвишу нигаронист”, - гуфт ҷаноби Аслиддин Қурбонзода, Прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва ҷиноятҳои киберӣ дар назди Прокуратураи Генералӣ.

Дар семинарҳо нақши бахши маориф дар пешгирии экстремизми хушунатомез дар байни ҷавонон низ таъкид карда шуд. Иштирокчиён чораҳои ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар мубориза бо терроризм, инчунин чораҳо барои пешгирии сӯиистифода аз интернет ва технологияҳои нав барои мақсадҳои террористӣ баррасӣ карданд.

“Пешгирии терроризм ва экстремизм аз оила оғоз мегардад, ки дар он пояҳои ахлоқу маънавият гузошта мешаванд. Дар муассисаҳои таълимӣ дониш, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ташаккул меёбанд, ва дар ҷомеае, ки бар ваҳдат, таҳаммулпазирӣ ва волоияти қонун асос ёфтааст, ин арзишҳо таҳким меёбанд. Танҳо бо иттиҳоди ҷомеа ва саъю талоши муштарак метавон сулҳу субот, амнияти пойдор ва ояндаи дурахшони наслҳои ояндаро таъмин намуд”, - гуфт ҷаноби Зафар Тоҷибекзода, Прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва ҷиноятҳои киберӣ дар назди Прокуратураи Генералӣ.

Бо муттаҳид кардани намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, семинарҳо ба тақвияти тавонмандии маҳаллӣ ва пешбурди усулҳои бештар ҳамоҳангшудаи пешгирии экстремизми хушунатомез ва мубориза бо терроризм дар саросари вилояти Суғд мусоидат карданд. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба ҳамкорони миллӣ ва маҳаллӣ ба тақвияти тавонмандии онҳо барои ҳалли ин мушкилот мутобиқи афзалиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак мекунад.


Contacts

Anisa Hojieva

National Communications and Outreach Officer

OSCE Program Office in Dushanbe

18 A A.Donish street
Dushanbe
Tajikistan

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan