News Item
САҲА шахсони дорои маъюбиятро дар тақвияти устуворӣ ба офатҳо дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ мекунад
“Огоҳ будан аз чораҳои бехатарӣ тарзи зиндагии моро тағйир медиҳад. Ҳеҷ гоҳ қоидаҳои бехатариро нодида нагиред, зеро онҳоро риоя кардан лозим аст, то пушаймон нашавед”, - гуфт Тенгниев Холмаҳмад, Раиси Ассотсиатсияи шахсони дорои маъюбияти “Меҳрбахш”.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
Аз моҳи май то июли соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Меҳрбахш” ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ ва МГ) як қатор чаласаҳои иттилоотиро барои тақвияти устуворӣ ба офатҳо дар байни шахсони дорои маъюбият дар Исфара, Балҷувон ва Дарвоз доир намуд. Ташаббуси мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар се ноҳияи зерҳадаф амалӣ карда шуд.
Дар маҷмӯъ 71 иштирокчӣ, аз ҷумла 31 зан ва 40 мард, дониши худро дар бораи коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим, ҳуқуқи шахсони дорои маъюбият, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии аввалия такмил доданд. Иштирокчиён инчунин тарзи истифодаи барномаҳои мобилии SoS Mehrbakhsh ва SoS CoESCD-ро, ки маълумот ва роҳнамоии дастрас дар ҳолатҳои фавқулоддаро барои шахсони дорои маъюбият пешниҳод мекунанд, омӯхтанд. Иштирокчиён барномаҳоро насб карданд ва таҷрибаи истифодаи амалии онҳоро ҳангоми сенарияҳои фавқулоддаи тақлидшуда ба даст оварданд.
“Огоҳ будан аз чораҳои бехатарӣ тарзи зиндагии моро тағйир медиҳад. Ҳеҷ гоҳ қоидаҳои бехатариро нодида нагиред, зеро онҳоро риоя кардан лозим аст, то пушаймон нашавед”, - гуфт Тенгниев Холмаҳмад, Раиси Ассотсиатсияи шахсони дорои маъюбияти “Меҳрбахш”.
Дар машғулиятҳои серӯза барои ташвиқи омӯзиши фаъол презентатсияҳо, видеоҳо, таҳлили зеҳнӣ, кори гурӯҳӣ, таҳқиқоти вазъиятҳои мушаххас ва машқҳои амалии ёрии аввалия якҷоя ба кор бурда шуданд. Дар давоми машқҳои гурӯҳии сенариявӣ, иштирокчиён сенарияҳои сӯхтор, обхезӣ ва заминларзаро таҳлил карданд, роҳҳои кӯчониданро муайян карданд, ниёзҳои мушаххаси шахсони дорои маъюбиятро ба назар гирифтанд ва тавсияҳои амалиро барои аксуламали бештар бехатар ва фарогир дар ҳолатҳои фавқулодда таҳия карданд.
Ғайр аз тақвияти тавонмандии шахсони дорои маъюбият, ин ташаббус огоҳии намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар бораи аҳамияти тадбирҳои фарогири коҳиши хавфи офатҳои табиӣ барои шахсони дорои маъюбият афзоиш дод. Иштирокчиён инчунин бо қонунгузории коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорчӯбаҳои байналмилалии дахлдор ва воситаҳои навтарин барои беҳтар кардани омодагӣ ва аксуламал шинос шуданд.
“Ман дар ин омӯзиши серӯза маълумоти зиёди муфид гирифтам. Акнун ман медонам, ки чӣ гуна дар вақти заминларза, обхезӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда амал кунам. Ман мехоҳам миннатдории худро ба мизбонон баён кунам», - гуфт Паринамо Хоҷатова, иштирокчии машғулият.
Бо афзоиши суръат ва шиддати офатҳои табиӣ, тақвияти омодагии гурӯҳҳои осебпазир аҳамияти бештар пайдо кардааст. Бо зиёда аз 168,000 шахсони дорои маъюбияти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташуда, иштироки пурмазмуни онҳо дар коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ба фарогиртар ва устувортар намудани ҷомеаҳо мусоидат мекунад.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои дастгирии шарикони миллӣ дар пешбурди тадбирҳои коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, ки ба шахсони дорои маъюбият дахл дорад, мувофиқи Чорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва афзалиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, омода боқӣ мемонад.