Skip Links

News Item

САҲА иқтидори институтсионалиро барои ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об ва энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият медиҳад

Аз 29 то 30 июли соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкории зич бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд семинари дурӯзаро оид ба идоракунии муштараки об ва энергетика ва ҳамкории минтақавӣ доир намуд.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Муҳофизати муҳити зист

Аз 29 то 30 июли соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкории зич бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд семинари дурӯзаро оид ба идоракунии муштараки об ва энергетика ва ҳамкории минтақавӣ доир намуд.

Дар семинар 35 иштирокчӣ, аз ҷумла 12 зан, намояндагони зерсохторҳои минтақавии Вазорат, Агентии мелиоратсия ва обёрӣ дар вилояти Суғд, Идораи захираҳои оби минтақаи ҳавзаи Сирдарё ва ширкати интиқоли барқи ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ҷамъ омаданд.

Тавассути презентатсияҳои коршиносон ва машғулиятҳои интерактивӣ, иштирокчиён муқаррароти марбути соҳаи об ва энергетикаи созишнома дар бораи сарҳади байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистони ба наздикӣ имзошуда баррасӣ карданд. Онҳо инчунин усулҳои амалии татбиқи онро омӯхтанд ва чаҳорчӯбаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалиро барои идоракунии маҷроҳои обии фаромарзӣ ва инфрасохтори муштарак муҳокима карданд.

Дар семинар аҳамияти идоракунии муштараки захираҳои об ва робитаи об-энергетика-ғизо-муҳити зист дар пешбурди идоракунии устувори захираҳо таъкид карда шуд. Иштирокчиён дар самти идоракунии сатҳи ҳавза, ҳамоҳангсозии институтсионалӣ ва ҳамкории фаромарзӣ табодули таҷриба ва усулҳои пешқадам карданд.

Ин чорабинӣ ба ҳамкории наздиктар байни муассисаҳои миллии масъули идоракунии об ва энергетика мусоидат намуд. Инчунин, он ба таҳкими дарки умумии усулҳои идоракунии захираҳои муштарак ва ҳалли мушкилоти минтақавӣ мусоидат кард.

Семинари мазкур дар доираи кӯшишҳои доимии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷиҳати тақвияти иқтидори институтсионалӣ, пешбурди муколамаи минтақавӣ ва дастгирии ҳамкории амалӣ оид ба идоракунии об ва энергетикаи фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ сурат гирифт.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan

Anisa Hojieva

National Communications and Outreach Officer

OSCE Program Office in Dushanbe

18 A A.Donish street
Dushanbe
Tajikistan