News Item
САҲА ва Иттиҳоди Аврупо Мактаби тобистонаи журналистикаи соли 2026-ро ба итмом расонданд
12 июл Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мактаби тобистонаи дуҳафтаинаи рӯзноманигории соли 2026-ро дар Ҳисор, Ҷумҳурии Тоҷикистон, бомуваффақият ба анҷом расониданд.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Озодӣ ва рушди расонаҳо
12 июл Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мактаби тобистонаи дуҳафтаинаи рӯзноманигории соли 2026-ро дар Ҳисор, Ҷумҳурии Тоҷикистон, бомуваффақият ба анҷом расониданд. Барнома 20 рӯзноманигори ҷавон, донишҷӯёни факултаи рӯзноманигорӣ, мутахассисони воситаҳои ахбори омма ва муҳарриронро, ки панҷ кишвари Осиёи Марказӣ: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро намояндагӣ мекарданд, барои тақвияти стандартҳои касбӣ дар бахши воситаҳои ахбори омма ва муошират (гузоришдиҳӣ) ҷамъ овард.
Бо такя ба муваффақияти барномаи озмоишӣ, ки соли 2025 оғоз шуда буд, Мактаби тобистонаи имсола таҷрибаи омӯзишии ба амалия нигаронидашударо пешниҳод кард, ки ба ҳалли мушкилоти таҳаввулёбандаи фазои имрӯзаи воситаҳои ахбори омма нигаронида шудааст. Тавассути семинарҳо ва супоришҳои амалӣ, иштирокчиён малакаҳои худро дар гузоришдиҳӣ бо риояи одоби (этикаи) хабарнигорӣ, санҷиши далелҳо, саводнокии воситаҳои ахбори омма, гузоришдиҳии мултимедиявӣ ва истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъӣ тақвият доданд.
Мактаби тобистона коршиносони байналмилалиро аз Полша, Литва ва Косово, дар баробари кормандони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъ овард. Онҳо якҷоя дар тӯли барнома машғулиятҳоро дар бораи журналистика, саводнокии воситаҳои ахбори омма, гузоришдиҳӣ, визуализатсияи маълумот ва муоширати касбӣ гузарониданд.
Беттина Руйгиес аз Дафтари Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО дар бораи меъёрҳои озодии воситаҳои ахбори омма ва бехатарии рӯзноманигорон суханронӣ кард, дар ҳоле ки коршиносони Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА Марин Констант ва Зала Час оид ба гузаронидани мусоҳиба бо дарназардошти оқибатҳои равонӣ ва кор бо манбаъҳои осебпазири маълумот машғулият гузаронданд. Коршиносон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла хабарнигорони Asia-Plus Умеда Давлатова ва Миҷгона Бобоҷонова, барномаро бо машғулиятҳои амалӣ оид ба рӯзноманигории рақамӣ, қонунгузорӣ дар бораи ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва таҷрибаи кор дар утоқҳои хабарӣ пурра карданд.
Татяна Туркан, Муовини роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, дар суханронии ифтитоҳии худ гуфт: «Мактаби тобистонаи рӯзноманигорӣ на танҳо рушди малакаҳои касбӣ аст. Ин як сармоягузорӣ ба ҷомеаи рӯзноманигорон дар саросари Осиёи Марказӣ аст. Донишу малакаҳои омӯхта ва робитаҳое, ки дар ин ҷо ба роҳ монда мешаванд, ба гузоштани таҳкурсии шабакаи минтақавии мутахассисоне, ки якдигарро дастгирӣ мекунанд, стандартҳои баландро риоя мекунанд ва ба рӯзноманигории масъулиятнок саҳм мегузоранд, мусоидат мекунанд. Шумо на танҳо иштирокчиёни ин барнома ҳастед. Шумо ба ташаккули ояндаи рӯзноманигорӣ дар минтақа мусоидат мекунед”.
Дар маросими ҷамъбастии Мактаби тобистона, Фердинанд Йенрих, Кордори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо изҳор дошт: “Иттиҳоди Аврупо ифтихор дорад, ки ин Мактаби тобистонаро дар доираи ӯҳдадориҳои худ оид ба рушди журналистикаи мустақил бо риояи одоб дар саросари Осиёи Марказӣ пайваста дастгирӣ мекунад. Дар замони гузоришдиҳии бардурӯғ (дезинформатсия) ва маҳдуд шудани фазои шаҳрвандӣ, ташаббусҳо ба монанди ин ба мутахассисони ҷавони ВАО имкон медиҳанд, ки ҳақиқат, масъулият ва ҳамбастагии минтақавиро дастгирӣ кунанд. Бо сармоягузорӣ ба малакаҳои худ имрӯз, мо таҳкурсии ояндаи шаффофтар ва пайвастаро барои ҳама тақвият медиҳем”.
Бори аввал, Мактаби тобистона машқҳои гузоришдиҳӣ дар маҳалро дар бар гирифт, ки ба иштирокчиён имкон дод, ки мусоҳибаҳоро дар кӯча баргузор кунанд ва малакаҳои худро дар муҳити воқеии гузоришдиҳӣ истифода баранд. Иштирокчиён инчунин ба утоқи хабарии телевизион ташриф оварданд ва бо роҳнамоии устодони ботаҷриба пешниҳодҳои гузоришӣ ва лоиҳаҳои худро таҳия карданд. Барнома бо муаррифии пешниҳодҳо ва супурдани нусхаҳои ниҳоии гузоришҳо ба ҳайати доварони касбӣ ба анҷом расид.
Иштирокчӣ Наима Раҷабова, Менеҷери робитаҳо бо ҷомеа дар Somon.tj, платформаи рақамии пешсаф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи таҷриба фикру мулоҳизаҳои худро баён карда гуфт: “Бо назардошти ин ду ҳафта, ман самимона метавонам бигӯям, ки ин таҷриба тарзи фикрронии маро дар бораи касби мо тағйир дод. Ман ба ин ҷо барои омӯзиши хабарнигорӣ омадам, вале бо муносибатҳои пойдори дӯстона ва робитаҳои касбӣ меравам».
Ин ташаббус инчунин муколамаи минтақавӣ ва шабакасозиро байни мутахассисони ВАО аз Осиёи Марказӣ тақвият дода, мубодилаи таҷриба ва таблиғи журналистикаи баодоб ва масъулиятнокро ташвиқ кард.
Мактаби тобистона дар доираи кӯшишҳои муштараки доимии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии рушди ВАО, тақвияти стандартҳои касбӣ ва мусоидат ба дастрасӣ ба иттилооти босифат баргузор карда шуд. Дафтари барномаҳо ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо инчунин ташаббусҳои ояндаро барои идома додани дастгирии рӯзноманигорони ҷавон ва рушди шабакаҳои ВАО-и минтақавӣ таҳия мекунанд.