Skip Links

News Item

САҲА Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баргузор намудани мизҳои мудаввар оид ба ҳамкории милитсия ва ҷомеа дастгирӣ кард

Аз 21 май то 24 июни соли 2026, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе шаш мизи мудавварро дар мавзӯи “Саҳми Шӯроҳои ҷамъиятӣ ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тақвияти ҳамкории милитсия ва ҷомеа” дар Бохтар, Душанбе, Ғарм, Хоруғ, Хуҷанд ва Кӯлоб баргузор намуд.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Аз 21 май то 24 июни соли 2026, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе шаш мизи мудавварро дар мавзӯи “Саҳми Шӯроҳои ҷамъиятӣ ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тақвияти ҳамкории милитсия ва ҷомеа” дар Бохтар, Душанбе, Ғарм, Хоруғ, Хуҷанд ва Кӯлоб баргузор намуд.

Мизҳои мудаввар дар доираи татбиқи Нақшаи муштараки солонаи амал байни Вазорати корҳои дохилӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор шуданд. Дар онҳо дар маҷмӯъ 285 нафар иштирокчиён (47 зан ва 238 мард), аз ҷумла намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, аъзои Шӯроҳои ҷамъиятии минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии назди Вазорат ва раёсатҳо ва шӯъбаҳои он, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷамъ омаданд.

Зимни суханронии худ, полковник Толеъзода Аъзам Толиб, Ҳамоҳангсози миллии ислоҳоти милитсия дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Шӯроҳои ҷамъиятиро дар дастгирии ислоҳоти милитсия, тақвияти ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеа ва ҷалби шаҳрвандон ба таъмини амнияти ҷамъиятӣ таъкид кард.

Намояндагони Шӯроҳои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд, Хатлон ва Рашт таҷрибаи худро дар ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаҳо, аз ҷумла нақши шаҳрвандон дар пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ ва тақвияти эътимоди ҷомеа ба милитсия мубодила карданд.

Дар мизҳои мудаввар, иштирокчиён роҳҳои тақвияти ҳамкории милитсия ва ҷомеа, ҷалби шаҳрвандон ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасон ва ҷавонон ва рушди минбаъдаи фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятиро баррасӣ карданд. Дар ин муҳокимаҳо инчунин имкони мубодилаи афкор дар бораи ҳамкории минбаъда байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фароҳам оварда шуд.

Дар анҷоми мизҳои мудаввар, якчанд аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои минтақавии он барои саҳми онҳо ба таҳкими ҳамкории милитсия ва ҷомеа, дастгирии раванди ислоҳоти милитсия ва иштироки фаъолона дар кори Шӯроҳои ҷамъиятӣ ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ гирифтанд.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan

Anisa Hojieva

National Communications and Outreach Officer

OSCE Program Office in Dushanbe

18 A A.Donish street
Dushanbe
Tajikistan