News Item
САҲА омӯзиш барои роҳбарони дидбонгоҳҳои сарҳадиро дар вилояти Суғд дастгирӣ кард
Аз 15 то 26 июни соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси дуҳафтаинаи таълимиро оид ба идоракунии сарҳадот барои 18 нафар роҳбарони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, ки дар вилояти Суғд ҷойгиранд, баргузор намуд.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
Аз 15 то 26 июни соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси дуҳафтаинаи таълимиро оид ба идоракунии сарҳадот барои 18 нафар роҳбарони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, ки дар вилояти Суғд ҷойгиранд, баргузор намуд.
Барномаи махсус, ки аз ҷониби як коршиноси бонуфузи байналмилалӣ дар баробари роҳбаладон ва устодони маҳаллӣ гузаронида шуд, ба фанҳои калидии сарҳадбонӣ, аз ҷумла банақшагирии амалиётии тактикӣ, методологияҳои посбонии патрулӣ дар маҳал ва арзёбии хатарҳо бахшида шуда буд.
Ба барномаи таълимӣ машғулияти махсус оид ба ворид намудани ҷанбаҳои гендерӣ дар таъмини амнияти сарҳадӣ низ дохил карда шуд. Ҳадафи ин машғулият аз тақвияти ворид намудани усулҳои баназаргирии ҷанбаҳои гендерӣ дар идоракунии сарҳадот иборат буд. Дар он методологияҳои курси таълимӣ барои роҳбаладони Маркази Женева оид ба идоракунии бахши амният «Таълими масоили гендерӣ дар бахши амният» истифода шуда буданд. Дар ин машғулият ба ҷои таълими анъанавӣ бо усули хондани лексия усулҳои интерактивии омӯзиши калонсолон истифода шуданд.
Ғайр аз ин, тавассути якҷоя кардани машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ, иштирокчиён дар истифодаи стратегии кормандон ва захираҳо машқ карданд ва ҳамзамон малакаҳоро дар пешгӯии таҳдидҳои нави амниятӣ инкишоф доданд. Модулҳои махсус оид ба пешгӯии тактикӣ ба фармондеҳон асбобҳои таҳлилиро барои муайян кардан ва вокуниш ба мушкилоти амниятии фаромиллӣ фароҳам оварданд.
Тавассути ин омӯзиш, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе такмили ихтисосро дар соҳаи идоракунии сарҳадот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ мекунад ва ба татбиқи Стратегияи миллии идоракунии сарҳадҳо саҳм мегузорад.