News Item
САҲА маъракаи огоҳсозии ҷавононро дар бораи пешгирии нашъамандӣ ва интихоби тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (ВКД) дар баргузор кардани маъракаи огоҳсозӣ бахшида ба пешгирии нашъамандӣ ва сӯиистифода аз маводи мухаддир дар байни ҷавонон ва наврасон бо таблиғи ҳамзамони варзиш ва тарзи ҳаёти солим дастгирӣ кард.
Маъракаи мазкур, ки аз 8 то 26 июни соли 2026 дар робита ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо нашъамандӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор шуд, ба муваффақияти ташаббуси шабеҳ, ки моҳи апрели соли ҷорӣ бо роҳи муттаҳид кардани таблиғоти таълимӣ бо чорабиниҳои варзишӣ барои ташвиқи ҷавонон ба интихоби огоҳона ва солими тарзи ҳаёт ташкил шуда буд, асос ёфтааст.
Дар маъракаи мазкур кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Ҷунбиши варзишии ВКД “Динамо” ҷаласаҳои иттилоотиро баргузор намуданд. Пас аз ҷаласаҳои мазкур дар минтақаҳои гуногун мусобиқаҳои футболи хурд, волейбол, шоҳмот, шашка ва ҳунарҳои ҳарбӣ баргузор шуданд.
Дар тӯли маърака 1200 ҷавон (480 зан ва 720 мард) дар чорабиниҳое, ки дар Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Дарвоз, Бобоҷон Ғафуров ва Исфара баргузор шуда буданд, ширкат варзиданд, ки Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои онҳо таҷҳизоти варзишӣ, ҷоизаҳо, маводҳои иттилоотӣ ва лавҳаҳоро таъмин кард.
Маърака 26 июни соли 2026 бо маросими пӯшидашавӣ дар Душанбе ба итмом расида, ӯҳдадории муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва САҲА-ро оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон дар бораи хатарҳои истеъмоли маводи мухаддир ва аҳамияти тарзи ҳаёти солим, фаъол ва қонунӣ таҷдид намуд.
Read more on this topic
The OSCE bears no responsibility for the accuracy, legality or content of the external links provided.