News Item
САҲА боздиди сарпарастон ва коршиносони арзёбии лоиҳаҳои идоракунии яроқи сабуки оташфишон ва хатарҳои таркандаро дар Душанбе баргузор мекунад.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Назорати яроқу аслиҳа
Аз 26 апрел то 1 майи соли 2026 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ҳайати намояндагони вазоратҳои мудофиаи Австрия ва Швейтсарияро мизбонӣ кард.
Ҳайатисарпарастон аз намояндагони Вазорати мудофиаи федералии Австрия, Директорати генералии сиёсат дарсоҳаи мудофиа, Маркази устуворсозии байналмилалӣ, санҷиш ва назорати силоҳ, инчунин намояндаи Департаменти мудофиаи федералии Швейтсария иборат буд. Котиботи САҲАро Воҳиди лоиҳаҳои Форуми ҳамкории амниятӣ намояндагӣ кард.
Инбоздид ба татбиқи ду лоиҳа: Ҳамкории ҳамгиро оид ба барномаи рафъи хатарҳои тарканда ва Такмили амнияти яроқи сабуки оташфишон нигаронида шуда буд. Ин лоиҳаҳоба беҳтар кардани амнияти ҷисмонӣ ва идоракунии захираҳо, инчунин омӯзиш ва тақвияти иқтидор дар нобудсозии лавозимоти тарканда ва нобудсозии дастгоҳҳоитаркандаи худкор мусоидат мекунанд.
27 апрел,ҳайати намояндагон якҷоя бо Муовини вазири мудофиа оид ба силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ аз анбори лавозимоти ҷангии Вазорати мудофиа дар Душанбе, ки таъмири он бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар арафаи анҷомёбист, боздидкарданд. 28 апрел, иштирокчиён аз анбори Вазорати мудофиа дар Қизил Қалъа, вилояти Хатлон боздид карданд, то шароитро арзёбӣ кунанд ва самтҳои таъмиртаабро муайян кунанд.
29 апрел,ҳайати намояндагон бастаи таълимии худро, аз ҷумла амнияти ҷисмонӣ ва идоракунии захираҳо, нигоҳдории лавозимоти ҷангӣ ва бехатарии анборҳои махсус (бункер) ва ҷиҳатҳои техникии лавозимоти ҷангии анъанавӣ, муаррифӣ кард. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард,ки аксари дастурҳои амнияти ҷисмони ва идоракунии захираҳо таҳия ва тасдиқ шудаанд. Онҳо аз дастгирии САҲА дар идоракунии лавозимоти ҷангӣ тавассути омӯзиш, озмоиши кимиёвии лавозимоти ҷангӣ ва навсозии инфрасохтор миннатдоранд.
30 апрел, ҳайати вакилон аз Маркази таълимии минтақавии нобудсозии маводи тарканда (Маркази таълимии минтақавӣ), ки бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар моҳи августи соли 2019 таъсис ёфтааст, боздид карданд. Директори Маркази таълимии минтақавӣ ва намояндагони САҲА дар бораи лоиҳа, фаъолияти Маркази таълимии минтақавӣ ва амалиёти калонмиқёси он дар сатҳи минтақавӣ презентатсия пешниҳод карданд.
Меҳмононинчунин имкон доштанд, ки ду машқи амалиро мушоҳида ва даронҳо иштироккунанд, ки дар онҳо устодони Маркази таълимии минтақавӣ дониш ва малакаҳои техникии ба даст овардаашонро дар усулҳои «қалмоқ ва ресмон», инчунин дар баровардан ва ҷудо кардани бехатари тарконанда бо истифода аз лентаи часпак ва ресмонҳо нишон доданд.
Аз замони таъсиси Маркази таълимии минтақавӣ, дар маҷмӯъ 457 мутахассиси нобудсозии маводитарканда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин Марказ бомуваффақият омӯзишро хатм кардаанд.
Дафтари барномаҳоиСАҲА Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти сиёсӣ низомӣ, аз ҷумла тақвияти идоракунии захираҳо, коҳиш додани хатарҳои марбут ба маводи тарканда ва мусоидат ба амният ва суботи минтақавӣ дастгирӣ мекунад. Сафар ҳамчун созанда ва самаранок арзёбӣ шуд, ки баиштирокчиён имкон дод, ки пешрафтҳоибадастомадаро дар доираи лоиҳаҳои ҷорӣ баррасӣ кунанд, дар бораи мушкилоти мавҷуда мубодилаи афкор кунанд ва самтҳои ҳамкориву дастгирии минбаъдаро муайян кунанд.