News Item
САҲА Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуотро дар соли 2026 дар Душанбе бо таваччӯҳ ба озодии ВАО, навоварӣ ва ҳамкорӣ таҷлил мекунад.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Озодӣ ва рушди расонаҳо
4 майи соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо созмони Acted конфронсеро барои таҷлили Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот дар Душанбе таҳти унвони “Бунёди ояндаи осоишта: Мусоидат ба озодии матбуот баҳри ҳуқуқи инсон, рушд ва амният” доир намуд.
Дар ин чорабинӣ 120 нафар иштирокчиён: мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, мутахассисони ВАО, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносон ҷамъ омаданд, то мушкилот ва имкониятҳои кунунии озодии ВАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз онро баррасӣ кунанд.
Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО, Сафир Ян Браату, зимни ифтитоҳи конфронс, таъкид кард, ки дар ҳоле ки ӯҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба озодии ВАО хеле муҳим боқӣ мемонанд, ба татбиқи самараноки онҳо, бахусус ба бартараф намудани фарқияти байни принсипҳо ва амалияи мувофиқашуда, таваҷҷӯҳи бештар лозим аст. Ӯ инчунин таъкид кард, ки ҳамкорӣ байни ҳукуматҳо, ВАО ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои таҳияи роҳҳои ҳалли мутобиқи муҳити маҳаллии мушаххас муҳим аст.
Дар маросими ифтитоҳ инчунин намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла сафири Иттиҳоди Аврупо Радослав Дарски, Ҳамоҳангсози доимии СММ Рамасвами Парвати, Сафири Фаронса Элза Пинол ва Муовини роҳбари намояндагии Сафорати Британияи Кабир Зинат Ханче суханронӣ намуда, пуштибонии худро аз рушд ва ҳамкории ВАО тасдиқ карданд.
Дар давоми рӯз муҳокимаҳо масъалаҳои калидии ташаккули фазои ВАО-и имрӯзаро, аз қабили таъсири технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, ба журналистика, баррасӣ шуданд, ки ҳам имкониятҳои навоварӣ ва ҳам ниёз ба чаҳорчӯбаҳои сиёсати масъулиятнокро таъкид карданд.
Дар нимаи дуюми рӯз иштирокчиён дар муҳокимаҳои амалии гирди мизи мудаввар ширкат варзиданд, ки ба одобӣ рӯзноманигорӣ, ҳифзи ҳуқуқӣ, саводнокии ВАО дар асри рақамӣ, таълими журналистика, масъалаҳои гендерӣ ва бехатарӣ ва дастрасӣ ба иттилоот бахшида шуда буданд. Ин муҳокимаҳо ба табодули таҷриба ва таҳияи усулҳои амалии мутобиқи шароитҳои миллиро ташвиқ карданд.
Конфронс бо суханронии ниҳоии Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Сафир Саломе Стейб, анҷом ёфт. Ӯ тасдиқ кард, ки САҲА минбаъд низ тавассути се самти афзалиятнок муҳити ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард: пешбурди ислоҳоти таълими журналистика дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо ва Вазорати маориф, саҳмгузорӣ ба таҳияи чорчӯбаи мутавозини меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба зеҳни сунъӣ, ки озодии баёнро ҳифз мекунад, ва ӯҳдадорӣ оид ба фароҳам овардани фазоҳои бехатар ва фарогир барои муколама дар бораи озодии ВАО байни ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ.