Skip Links

News Item

САҲА ба сардорони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ усулҳои посбонӣ ва назорати сарҳадиро таълим медиҳад.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Идораи сарҳад

Аз 6 то 17 апрели соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барномаи таълимии дуҳафтаинаи ҳамаҷонибаро оид ба усулҳои посбонӣ ва назорати сарҳадӣ барои сардорони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ташкил кард. Барнома, ки дар Маркази  таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор шуд, 20 афсари Кӯшунҳои сарҳадиии  мустақари  дидбонгоҳҳои  гуногуни  сарҳадиро ҷамъ овард.

Барномаи таълимӣ, ки  таҳти  роҳбарии  коршиноси  байналмилалӣ  ва  устодони  маҳаллӣ баргузор шуд, малакаҳои иштирокчиёнро дар самтҳои асосии сарҳадбонӣ, аз қабили банақшагирии амалиётӣ, посбонӣ ва арзёбии хатарҳо, такмил дод. Барномаи таълимӣ инчунин ба амнияти сарҳадӣ баназаргирии ҷанбаҳои гендерӣ ва истифодаи таҷҳизоти муосири назоратиро ворид намуд. Тавассути омезиши машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ, афсарон ҷойгиркунии стратегии кормандон ва захираҳоро, аз ҷумла омӯхтани пешгӯии таҳдидҳои амниятии навро машқ карданд.

Ғайр аз ин, дар ин омӯзиш усулҳои муосири сарҳадбонӣ, қабули қарорҳои стратегӣ барои амалиёти дидбонгоҳҳо ва баназаргирии ҷанбаҳои гендерӣ дар чаҳорчӯбаҳои амниятӣ баррасӣ шуданд. Бо муҷаҳҳаз кардани афсарон бо ин малакаҳои муҳим, барнома  Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъмини амнияти сарҳадӣ тақвият дод ва мустақиман татбиқи Стратегияи миллии идоракунии сарҳадро дастгирӣ кард.

Ташаббуси мазкур дар доираи талошҳои чандинсолаи САҲА барои тақвияти амнияти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтар кардани иқтидори он барои ҳалли мушкилоти кунунӣ ва ояндаи амниятӣ дар марзи он бо Афғонистон сурат мегирад.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan