Skip Links

News Item

Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши амиқи нобудсозии маводи тарканда сатҳи 2-ро барои нерӯҳои сарҳадии Қирғизистон ба анҷом расонд

10 апрели соли 2026, Маркази таълимии минтақавии нобудсозии маводи тарканда (REHTC)-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши сеҳафтаинаи махсуси нобудсозии маводи тарканда сатҳи 2-ро бомуваффақият ба анҷом расонд.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe

10 апрели соли 2026, Маркази таълимии минтақавии нобудсозии маводи тарканда (REHTC)-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши сеҳафтаинаи махсуси нобудсозии маводи тарканда сатҳи 2-ро бомуваффақият ба анҷом расонд.

Аз 23 март то 10 апрели соли 2026, REHTC ҳамчун маркази техникии минтақавӣ хизмат карда ба мутахассисони нерӯҳои сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон таълими амиқ доир намуд. Татбиқи бомуваффақияти ин омӯзиш аз ҷониби устодони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори афзояндаи Маркази таълимии минтақавии НМТ-ро дар роҳбарӣ кардани ташаббусҳои мураккаби техникии минтақавиро нишон медиҳад.

Ҳамчун муассисаи мизбон, Маркази таълимии минтақавии НМТ барномаи таълимиро пешниҳод кард, ки барои гузариши иштирокчиён аз сатҳи огоҳии ибтидоӣ ба сатҳи салоҳиятнокии амалиётӣ тарҳрезӣ шудааст. Омӯзиш мустақиман бар асоси сертификатсияи сатҳи 1, ки аз ҷониби мутахассисони қирғиз дар охири соли 2025 ба даст оварда шудааст, таҳия шудааст ва нақши Маркази таълимии минтақавии НМТ-ро дар пешбурди стандартҳои ҳамоҳангшудаи нобудсозии маводи тарканда дар саросари Осиёи Марказӣ боз ҳам тақвият медиҳад.

Омӯзише, ки дар иншооти махсуси Маркази таълимии минтақавии НМТ Вазорати мудофиа гузаронида шуд, омӯзиши назариявии мукаммалро бо машқҳои бошиддати саҳроӣ дар бар гирифт. Таҳти роҳбарии устодони ботаҷрибаи Маркази таълимӣ, иштирокчиён дарёфт кардан, идора кардан ва интиқол додани бехатари намудҳои гуногуни муҳимоти ҷангӣ, инчунин тартиботи техникии нобудсозии ниҳоии дастгоҳҳои таркандаро аз худ карданд. Ин сертификатсияи сатҳи 2 хатмкунандагонро соҳиби тахассуси иҷрои вазифаҳои нобудсозии маводи тарканда таҳти назорат намуда, ба онҳо қобилияти техникии ҷойгир, муайян кардан, интиқол додан ва нобуд кардани бехатари маводи таркандаи таъиншударо медиҳад.

Ин ташаббус дар доираи лоиҳаи Барномаи фарогири ҳамкорӣ оид ба коҳиш додани хатарҳои маводи тарканда (ICExH) ва маблағгузории Дафтари барномаҳои САҲА дар Бишкек сурат гирифт. Татбиқи он тавассути саҳмҳои ғайрибуҷавии Ҳукумати Британияи Кабир ба лоиҳаи Дафтари барномаҳои САҲА дар Бишкек “Коҳиш додани хатари паҳншавии ғайриқонунии силоҳи сабуки оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда дар сарҳадҳои Ҷумҳурии Қирғизистон” имконпазир гардид.

Идомаи чунин фаъолиятҳо нақши муҳими Маркази таълимии минтақавии нобудсзии маводи таркандаро ҳамчун маркази минтақавии аълои идоракунии хатароти маводи тарканда нишон медиҳад.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan