Skip Links

News Item

САҲА арзёбии хатарҳои барасмиятдарории (шустушӯи) пулро, ки бо дороиҳои виртуалӣ алоқаманданд, дастгирӣ мекунад

Аз 19 то 23 январи соли 2026, як мушовири байналмилалӣ, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ҷалб шудааст, бо ҷонибҳои манфиатдори миллӣ дар бораи хатарҳои барасмиятдарории пул, ки бо дороиҳои виртуалӣ ва таъминотчиёни хизматрасонии дороиҳои виртуалӣ алоқаманданд, машваратҳо анҷом дод.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Идоракунии самарабахш

Аз 19 то 23 январи соли 2026, як мушовири байналмилалӣ, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ҷалб шудааст, бо ҷонибҳои манфиатдори миллӣ дар бораи хатарҳои барасмиятдарории пул, ки бо дороиҳои виртуалӣ ва таъминотчиёни хизматрасонии дороиҳои виртуалӣ алоқаманданд, машваратҳо анҷом дод. Ин сафар дар доираи дастгирии Дафтари барномаҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии ин хатарҳо ва муайян кардани роҳҳои коҳиш додани онҳо сурат гирифт.

Маълумоти ҷамъовардашуда дар давоми машваратҳо барои истифода дар рафти ворид намудани тағйироти оянда ба қонунҳо ва санадҳои меъёри-ҳуқуқӣ кӯмак хоҳад кард. Аз ҷумла, он барои таҳияи усули ба хатарҳо асосёфта барои иҷозатномадиҳӣ, назорат ва таъмини риояи талаботҳо аз ҷониби таъминотчиёни хизматрасонӣ дар соҳаи дороиҳои виртуалӣ, мувофиқи стандартҳои байналмилалии муқарраркардаи Гурӯҳи кории амалиёти молиявӣ (FATF), мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷараёни сафар, мушовир бо Гурӯҳи кории байниидоравӣ ва Шӯъбаи мониторинги молиявии назди Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаҳои амиқ анҷом дод, инчунин бо мақомоти дахлдори алоҳидаи давлатӣ мулоқотҳо анҷом дод.

Бар асоси натиҷаҳо, мушовир таҳлили аввалияи хатарро анҷом медиҳад ва арзёбии пешакии хатарҳои барасмиятдарории пулро, ки ба дороиҳои виртуалӣ ва таъминотчиёни хизматрасонии онҳо алоқаманданд, омода мекунад.

Фаъолияти мазкур дар доираи кӯшишҳои доимии Дафтари барномаҳо барои тақвияти иқтидори институтсионалӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо шустушӯи пул амалӣ мешавад.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan