News Item
САҲА Нақшаи муштараки амалро имзо карда, ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолиятҳои ҷалби ҷомеа таҷҳизот ва лавозимоти варзиширо тақдим намуд
20 январи соли 2026 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи муштараки амалро барои татбиқи фаъолиятҳо, чорабиниҳо ва ташаббусҳо дар соли 2026 имзо кард. Дар нақша самтҳои асосии ҳамкорӣ, ки ба баланд бардоштани самаранокии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти ҷалби ҷомеа нигаронида шудаанд, муайян карда шудаанд.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
20 январи соли 2026 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи муштараки амалро барои татбиқи фаъолиятҳо, чорабиниҳо ва ташаббусҳо дар соли 2026 имзо кард. Дар нақша самтҳои асосии ҳамкорӣ, ки ба баланд бардоштани самаранокии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти ҷалби ҷомеа нигаронида шудаанд, муайян карда шудаанд.
Нақшаи муштарак чорчӯбаи сохториро барои ислоҳоти ҷории милитсия бо таваҷҷӯҳи махсус ба ҷаласаҳои мунтазами ҳамоҳангсозӣ барои баррасии пешрафт, тақвияти механизмҳои ҳамкорӣ бо ҷомеа ва баланд бардоштани иқтидори мақомоти корҳои дохилӣ тавассути омӯзиши мақсаднок ва дастгирӣ дар шакли таъмини таҷҳизот муқаррар мекунад.
Илова бар маросими имзо, Дафтари барномаҳо ба Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ ва Ҷамъияти варзишии “Динамо” таҷҳизоти техникӣ ва лавозимоти варзиширо тақдим намуд. Ин хайрия барои дастгирии талошҳои ислоҳоти дохилии Вазорат ва тақвияти хадамоти милитсия равона шудааст. Таҷҳизоти техникӣ иқтидори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро барои дастгирии кори Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон афзоиш медиҳад, дар ҳоле ки лавозимоти варзишӣ дар маъракаҳои огоҳсозии ҷомеа дар байни ҷавонон барои ҳалли масъалаҳои марбут ба маводи мухаддир истифода мешаванд.
Дар маросими имзо ва супоридани ҳуҷҷатҳо полковник Толеъзода Аъзам Толиб, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ва Мирослав Милоевич, Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Шӯъбаи сиёсӣ-низомии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ширкат варзиданд. Ҳарду ҷониб аз ҳамкории ҷорӣ изҳори сипос карданд ва ӯҳдадории худро барои тақвияти минбаъдаи шарикии худ таъкид карданд.