News Item
САҲА форуми идоракунии устувори мамнӯъгоҳи биосферии Ромит дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ кард
25 декабри соли 2025, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии минтақаҳои табиии махсус ҳифзшавандаи назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Душанбе форуми якрӯзаро бахшида ба мамнӯъгоҳи биосферии Ромит, ки ба наздикӣ ба Шабакаи ҷаҳонии мамнӯъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО шомил карда шудааст, ташкил кард.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Муҳофизати муҳити зист
25 декабри соли 2025, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии минтақаҳои табиии махсус ҳифзшавандаи назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Душанбе форуми якрӯзаро бахшида ба мамнӯъгоҳи биосферии Ромит, ки ба наздикӣ ба Шабакаи ҷаҳонии мамнӯъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО шомил карда шудааст, ташкил кард.
Дар ин форум тақрибан 100 сиёсатгузор, муҳаққиқон, мутахассисони соҳаи муҳити зист, волонтёрони (ихтиёриёни) экологӣ, намояндагони ҷомеаи маҳаллӣ ва шарикони байналмилалӣ барои муҳокимаи идоракунии устувор, ҳифзи гуногунии биологӣ, экотуризм, таҳқиқоти илмӣ ва ҷалби ҷомеа ҷамъ омаданд.
Доминик Драснар, масъули Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, форумро ифтитоҳ карда, аҳамияти шомил намудани мамнӯъгоҳро ба феҳристи ЮНЕСКО ҳамчун эътирофи байналмилалӣ ва масъулияти муштарак таъкид кард.
«Ин дастовард ҳам саривақтӣ ва ҳам хеле муҳим аст. Он эътирофи байналмилалии арзиши табиии истисноии Ромит, гуногунии ғании биологӣ ва нақши муҳими он дар ҳифзи экосистемаҳо на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои минтақаи васеътари Осиёи Марказӣ мебошад», - гуфт ӯ.
Иштирокчиён таъкид карданд, ки мамнӯъгоҳҳои биосферӣ на танҳо ҳамчун минтақаҳои ҳифзшаванда, балки ҳамчун платформаҳо барои ҳамгироии ҳифз, рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва таҳқиқот хизмат мекунанд, ки идоракунии самаранок, маълумоти боэътимод, иқтидори касбӣ ва иштироки фаъоли ҷомеаро талаб мекунанд.
Дар форум дастгирии САҲА-ро ба идоракунии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тақвияти иқтидор дар Воситаи махсуси мониторинг ва гузоришдиҳӣ (SMART), тарҷумаи он ба забони тоҷикӣ ва таъмини таҷҳизоти махсус барои имкон додани татбиқи амалии он аз ҷониби мутахассисон ва ҷангалбонони миллӣ таъкид карданд. Ин талошҳо ба беҳтар шудани ҳифзи гуногунии биологӣ, қабули қарорҳои ба далелҳо асосёфта, ҳисоботдиҳӣ ва устувории дарозмуддат мусоидат мекунанд.
Ин чорабинӣ ба ваколатномаи Дафтари барномаҳо мувофиқат карда, идоракунии экологӣ, пешбурди идоракунии устувори минтақаҳои ҳифзшаванда дар асоси маълумот ва пешбурди муносибати ҳамаҷонибаи САҲА ба амнияти экологиро тибқи Санади ниҳоии Ҳелсинки тақвият медиҳад.