News Item

САҲА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафт ва афзалиятҳоро дар самти мубориза бо коррупсия муҳокима карданд

Рӯзи 12 ноябри соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар Форуми дуюми байналмилалии зиддикоррупсионии Душанбе иштирок намуд. Ин форум, ки аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ба 20-солагии фаъолияти Агентӣ бахшида шуда, барои баррасии дастовардҳо ва афзалиятҳои ояндаи он имконият фароҳам овард.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Идоракунии самарабахш

Рӯзи 12 ноябри соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар Форуми дуюми байналмилалии зиддикоррупсионии Душанбе иштирок намуд. Ин форум, ки аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ба 20-солагии фаъолияти Агентӣ бахшида шуда, барои баррасии дастовардҳо ва афзалиятҳои ояндаи он имконият фароҳам овард.

Чорабинии мазкур ҳамкориро байни намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҳайатҳои хориҷӣ, мансабдорони боломақоми давлатӣ, мақомоти зиддикоррупсионӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо тақвият бахшид.

Муҳокимаҳо ба масъалаҳои тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, пешгирии коррупсия, инчунин таҳкими назорати давлатии молиявӣ ва аудит равона шуда буданд. Намояндагон аз Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо, аз ҷумла Беларус, Гурҷистон, Ҳиндустон, Эрон, Ҷумҳурии Корея, Покистон ва Арабистони Саудӣ, дар бораи таҷриба ва усулҳои муассири мубориза бо коррупсия, аз ҷумла истифодаи технологияҳои рақамӣ ва арзёбии хавфҳои коррупсионӣ табодули назар карданд.

Доминик Драснар, Кордори Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, зимни суханронии ифтитоҳӣ дар Форуми дуюми байналмилалии зиддикоррупсионии Душанбе, 12 ноябри соли 2026.

Доминик Драснар, Кордори Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, қайд кард: 

«Дафтари мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб бо шарикони миллӣ ҳамкорӣ дорад ва Агентӣ яке аз шарикони наздиктарин ва деринаи мо ба шумор меравад». Ӯ афзуд: «Панҷ соли оянда ба табдил додани ӯҳдадориҳо ба натиҷаҳои амалӣ бахшида мешаванд. Мо дастгирии татбиқ ва мониторинги Нақшаи амал, таҳкими пешгирии коррупсия ва риояи ҳалолкорӣ дар тамоми маъмурияти давлатӣ, инчунин рушди ҳамкориро байни ҳукумат, бахши тиҷорат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ идома медиҳем».

Яке аз натиҷаҳои муҳими ин Форум – расман роҳандозӣ шудани “Портали тоза” (Clean Portal) барои хабар додан дар бораи ҳолатҳои коррупсионӣ буд. Ин чорабинӣ ҳамчунин имконият фароҳам овард, ки ҳамкории муассисаҳои миллӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия тақвият ёбад.

Намояндагони муассисаҳои давлатӣ, мақомоти зиддикоррупсионӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои байналмилалӣ, ҳайатҳои хориҷӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зимни иштирок дар Форуми дуюми байналмилалии зиддикоррупсионии Душанбе, 12 ноябри соли 2026.

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи стратегияҳои миллии зиддикоррупсионӣ ва таҳкими иқтидори Агентӣ ҳамкорӣ мекунад. Ин фаъолият қисми  кори васеътари Дафтари барномаҳо дар самти мусоидат ба идоракунии самарабахш ва таҳкими низомҳои мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда (шустушӯи пул) мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ мебошад. 


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan

Anisa Hojieva

National Communications and Outreach Officer

OSCE Program Office in Dushanbe

18 A A.Donish street
Dushanbe
Tajikistan