News Item
САҲА ба ҷалби этикии коргарон ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад
Аз 10 то 12 ноябри соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси таълимии серӯзаро дар мавзӯи ҷалби этикии қувваи корӣ ва идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ ташкил намуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба назорати фаъолияти агентиҳои хусусии шуғл ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон равона гардид.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Фаъолияти иқтисодӣ
Аз 10 то 12 ноябри соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси таълимии серӯзаро дар мавзӯи ҷалби этикии қувваи корӣ ва идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ ташкил намуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба назорати фаъолияти агентиҳои хусусии шуғл ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон равона гардид.
Ин чорабинӣ ба ҳамкории 25 иштирокчӣ (8 зан ва 17 мард) аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва муассисаҳои зертобеи он мусоидат кард. Ҳадафи он тақвияти малакаҳои иштирокчиён дар татбиқи стандартҳо ва расмиёти дахлдор ҳангоми ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути агентиҳои хусусии шуғл, инчунин кумак ба ҳифзи ҳуқуқҳои иқтисодии муҳоҷирон буд.
Барнома масъалаҳои марбут ба заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии агентиҳои хусусии шуғл, ҷалби этикии коргарон, ҳифзи муҳоҷирон ва пешгирии табъиз, инчунин расмиёти назорати ин агентиҳоро фаро гирифт.
Доминик Драснар, Кордори муваққатии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, қайд кард:
«Ин оиӯзиш хеле муҳим аст, зеро он кӯшишҳои Вазоратро барои тақвияти назорати агентҳои хусусии шуғл ва беҳтар намудани идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ дастгирӣ мекунад. Он инчунин як марҳилаи муҳими дигари ҳамкории моро бо Вазорат нишон медиҳад».
Доминик Драснар, Кордори муваққатии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (дар тарафи чап) ва Шариф Норзода, Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар тарафи рост), зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи курси таълимӣ оид ба ҷалби этикии қувваи корӣ ва идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ, Душанбе, 10 ноябри соли 2026.
Медер Дастанбеков, коршиноси байналмилалӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз Қирғизистон, гуфт:
«Ин се рӯз имконияти арзишмандро барои мубодилаи мустақими афкор бо мансабдорони давлатии масъули муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овард». Ӯ афзуд: «Мо дар бораи танзими фаъолияти агентиҳои хусусии шуғл баҳсҳои амиқ анҷом додем ва ман барои имконияти мубодилаи таҷрибаи худ миннатдорам».
Нозанин Сафарова, ходими калони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Душанбе, қайд кард, ки таҷрибаи Қирғизистон метавонад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беҳтар ташкил намудани кори агентиҳои хусусии шуғл кумак расонад. Ӯ илова намуд, ки маълумоти пешниҳодшуда метавонад дар кори ояндаи онҳо истифода шавад.
Намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми шунидани муаррифӣ дар ҷараёни курси таълимӣ оид ба ҷалби этикии қувваи корӣ ва идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ, Душанбе, 10 ноябри соли 2026.
Омӯзиши мазкур кормандони масъули назорати агентиҳои хусусии шуғлро бо дониш ва малакаҳо барои таъмини татбиқ ва риояи расмиёти стандартии амалиётии муқарраршуда аз ҷониби ин агентиҳо, муҷаҳҳаз намуд.