News Item
САҲА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди бехатарии саноатӣ ва ҳамкории минтақавӣ мусоидат мекунад
Рӯзи 4 ноябри соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкории зич бо Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE), Панҷумин ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравиро оид ба татбиқи Конвенсияи UNECE оид ба оқибатҳои фаромарзии садамаҳои саноатӣ баргузор намуд.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Муҳофизати муҳити зист
Рӯзи 4 ноябри соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкории зич бо Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE), Панҷумин ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравиро оид ба татбиқи Конвенсияи UNECE оид ба оқибатҳои фаромарзии садамаҳои саноатӣ баргузор намуд.
Ҷаласа ба муайян кардани афзалиятҳои миллӣ ва баррасии тадбирҳои амалии татбиқи Конвенсия бахшида шуда буд. Ин чорабинӣ пас аз он сурат гирифт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июни соли 2026 ба Конвенсия ҳамроҳ шуда, 43-юмин Кишвари аъзои он гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони муассисаҳои дахлдори давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок карданд. Онҳо масъалаҳо ва афзалиятҳои миллиро дар самти пешгирии садамаҳои саноатӣ, омодагӣ ва аксуламал ба онҳо, бехатарии идоракунии партовҳгоҳҳои саноатӣ ва пешгирии ифлосшавии тасодуфии обҳо баррасӣ намуданд.
Тавассути пешниҳоди гузоришҳои коршиносон ва муҳокимаҳо, иштирокчиён усулҳои амалиии татбиқи Конвенсия ва таҳкими иқтидори миллиро дар самти пешгирӣ ва аксуламал ба садамаҳои саноатӣ баррасӣ карданд. Онҳо инчунин дар бораи таҷрибаҳо ва амалияҳои пешқадам дар самти таҳкими системаҳои назорат ва огоҳонии барвақтӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои минтақавӣ барои ҳалли мушкилоти муштараки экологӣ ва бехатарии саноатӣ табодули назар намуданд.
Дар ҷаласа рафти иҷрои Нақшаи кории Гурӯҳи кории байниидоравӣ барои солҳои 2025–2026 баррасӣ шуда, афзалиятҳои фаъолияти он барои солҳои 2026–2027, аз ҷумла таҳкими иқтидори муассисавӣ, беҳтар намудани ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва пешбурди татбиқи Конвенсия муҳокима карда шуданд.
Яке аз иштирокчиён зимни гузоришдиҳӣ дар Панҷумин ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Конвенсияи UNECE оид ба оқибатҳои фаромарзии садамаҳои саноатӣ. Душанбе, 4 ноябри соли 2026.
Ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия як марҳилаи муҳим дар таҳкими омодагии кишвар ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тақвияти бехатарии саноатӣ мебошад. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе омодагии худро ба дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамкорони байналмилалӣ дар самти таҳкими бехатарии саноатӣ, пешгирии садамаҳои саноатӣ ва мусоидат ба ҳамкориҳои фаромарзӣ бо мақсади ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист, бори дигар таъкид намуд.