News Item
САҲА ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили дониши назариявӣ ва малакаҳои амалии онҳо дар мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ кумак мерасонад
Аз 25 то 30 октябри соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба иштироки панҷ корманди Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ва чор прокурори Прокуратураи генералӣ дар курси таълимии амалии панҷрӯза таҳти унвони “Криминалистикаи рақамӣ ва ҷамъоварии иттилоот аз манбаъҳои кушода дар мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ» мусоидат намуд. Ин курс дар Академияи ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд, бо ҳамкории Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Тошканд баргузор гардид.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Аз 25 то 30 октябри соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба иштироки панҷ корманди Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ва чор прокурори Прокуратураи генералӣ дар курси таълимии амалии панҷрӯза таҳти унвони “Криминалистикаи рақамӣ ва ҷамъоварии иттилоот аз манбаъҳои кушода дар мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ» мусоидат намуд. Ин курс дар Академияи ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд, бо ҳамкории Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Тошканд баргузор гардид.
Иштирокчиён аз ВКД ва Прокуратураи генералӣ дар асоси иштироки фаъол ва натиҷаҳои онҳо дар курсҳои таълимии ибтидоӣ, ки моҳҳои апрел ва августи соли 2026 аз ҷониби коршиносони Академияи ҳифзи ҳуқуқ дар Душанбе ташкил шуда буданд, интихоб гардиданд. Ҳадафи ин курси пешрафтаи дар маҳал баргузоршуда такмили дониши назариявӣ ва малакаҳои амалии иштирокчиён дар самти мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ буд.
Дар ҷараёни омӯзиш, иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки табодули таҷриба кунанд ва бо усулҳои пешрафтаи ташхиси рақамӣ, танзими ҳуқуқии далелҳои рақамӣ, инчунин усулҳои ҷамъоварии маълумот аз манбаъҳои кушода шинос шаванд.
Мавзӯъҳои дигар таҳлили технологияи блокчейн, нақши платформаи рақамии KODEX дар тафтишоти ҷиноятҳои киберӣ, ташхиси «darknet» (даркнет-шабакаи пинҳонӣ) ва механизмҳои ҳамкории байналмилалӣ дар тафтишоти ҷиноятҳои кибериро дар бар гирифтанд.
Иштирокчиён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни аксбардории гурӯҳӣ дар назди бинои Академияи ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон, ки дар он ҷо курси пешрафтаи такмили ихтисос баргузор шуд, Тошканд, 30 октябри соли 2026.
Ин ташаббус, ки ҳам курсҳои таълимии ибтидоӣ ва ҳам пешрафтаро дар бар гирифт, ба он равона шуда буд, ки иштирокчиёнро бо дониш ва малакаҳои зарурӣ барои ҷамъоварии самараноки иттилоот ва тафтишоти ҷиноятҳои киберӣ таъмин намояд ва ҳамзамон таҷрибаҳои пешқадами байналмилалиро дар фаъолияти онҳо ҷорӣ намояд.