News Item
Форуми байналмилалии тиҷоратии соли 2026 дар вилояти Суғд: аз таърихи истихроҷи уран то имкониятҳои нави иқтисодӣ бо дастгирии байналмилалӣ
Рӯзҳои 29-30 октябри соли 2026 Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ), Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» ва дигар созмону ҳамкорони миллӣ ва байналмилалӣ, Форуми IV-и байналмилалии тиҷоратии «ROST-2026»-ро дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор намуданд.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Муҳофизати муҳити зист
Рӯзҳои 29-30 октябри соли 2026 Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ), Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» ва дигар созмону ҳамкорони миллӣ ва байналмилалӣ, Форуми IV-и байналмилалии тиҷоратии «ROST-2026»-ро дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор намуданд.
Дар ин форум тақрибан 250 нафар иштирокчӣ аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши тиҷорат, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд ширкат варзиданд. Форум ҳамчун маконе барои баррасии имкониятҳои сармоягузорӣ, таҳкими шарикии тиҷоратӣ ва муҳокимаи роҳҳои мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ дар шаҳрҳои хурди саросари вилояти Суғд, ки таърихи истеҳсоли уран доранд, хизмат кард. Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни Форум 55 лоиҳаи сармоягузорӣ омода ва пешниҳод гардид.
Муҳокимаҳо ба роҳҳои амалии рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани муҳити тиҷоратӣ, дастгирии корхонаҳои хурду миёна, рушди сайёҳӣ, пешбурди таҳаввули рақамӣ ва брендинги ҳудудӣ, инчунин ҷалби сармоягузорӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» равона шуда буданд. Иштирокчиён инчунин баррасӣ карданд, ки чӣ гуна ҳамкории зичтар байни мақомоти маҳаллӣ ва бахши тиҷорат метавонад ба эҷоди ҷойҳои корӣ ва кушодани иқтидори иқтисодии шаҳрҳои хурд дар саросари вилояти Суғд мусоидат намояд. Дар як ҷаласаи махсус иқтидори сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои афзалиятноки панҷ ҳудуди зерҳадаф – шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намоиш дода шуд. Дар презентатсияҳо бартариҳои иқтисодии маҳаллӣ, имкониятҳои рушд ва лоиҳаҳои афзалиятнок таъкид гардида, самтҳои мушаххас барои сармоягузорӣ ва шарикӣ нишон дода шуданд.
(Аз чап ба рост) Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд, Муъминҷон Умаров, муовини директори гурӯҳи ширкатҳои «Фортуна» ва Пол Шумахер, роҳбари лоиҳаи минтақавии GIZ «Шаҳрҳои сабз», зимни суханронӣ дар Форуми IV байналмилалии тиҷоратии «ROST-2026», Хуҷанд, вилояти Суғд, 29 октябри соли 2026.
Барнома инчунин боздид аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»-ро дар бар гирифт, ки дар он иштирокчиён бо инфрасохтори маҳаллӣ, имкониятҳои мавҷудаи тиҷоратӣ ва самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ шинос шуданд. Илова бар ин, боздид аз мавзеъҳои мавриди татбиқи лоиҳаҳо дар шаҳри Истиқлол ба онҳо имкон дод, ки бо иқтидори сармоягузории маҳаллӣ, вазъи инфрасохтор, омодагии майдонҳо ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳо шинос шаванд.
Хонум Изабел Уриз Эрнандес, Роҳбари Бахши ҳамкории Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, қайд кард:
«Лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришаванда оид ба бартарафкунии оқибатҳои истихроҷи уран ба табдил додани мероси душвори экологӣ ба платформаи имкониятҳои нав дар вилояти Суғд ва дар саросари водии Фарғона мусоидат мекунад. Бо дастгирии иқтидори сайёҳӣ, арзёбиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва муайян кардани имкониятҳои нави сармоягузорӣ, лоиҳа ба афзоиши бехатарӣ ва шукуфоии ҷомеаҳо мусоидат мекунад. Ин усул инчунин стратегияи “Global Gateway (Дарвозаи глобалӣ)”-и Иттиҳоди Аврупоро инъикос мекунад, ки робитаи байни минтақаҳо ва сармоягузории устувор ба инфрасохторро дар маркази рӯзномаи ҳамкории мо мегузорад».
Хонум Каролин Апҳэм, Роҳбари Департаменти иқтисодӣ ва экологии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, таъкид намуд:
«Дар тӯли асрҳо, ин минтақа чорроҳаи тиҷорат, ғояҳо ва фаъолиятҳои соҳибкорӣ буд. Имрӯз ин форум ин анъанаро идома медиҳад. САҲА итминон дорад, ки чунин платформаҳо метавонанд бахши тиҷорат, ҳукумат ва ҷомеаҳоро бо ҳам пайваст созанд ва дар ниҳоят, боварии заруриро барои амнияти иқтисодӣ эҷод кунанд».
Хонум Милада Билекова, Ҳамоҳангсози минтақавии лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ (БРСММ), қайд кард:
«Рушди устувори иқтисодӣ бо ҳифзи муҳити зист ва некӯаҳволии ҷомеа робитаи зич дорад. Тавассути шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва САҲА, БРСММ ба ҷомеаҳои маҳаллӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба мероси истихроҷи уран кӯмак мерасонад. Ҳамзамон, он ба ҷалби сармоягузорӣ, диверсификатсияи иқтисодиёт ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди фарогир ва устувор дар саросари вилояти Суғд мусоидат мекунад».
Ҷаноби Пол Шумахер, Роҳбари лоиҳаи минтақавии “Шаҳрҳои сабз” (Green Cities)-и ташкилоти GIZ, қайд кард:
«Тавассути лоиҳаи “Шаҳрҳои сабз”, ки аз ҷониби Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) маблағгузорӣ мешавад, GIZ ба мақомоти шаҳрӣ дар тақвияти иқтидорҳо ва таҳияи қарорҳои барои рушди устувори шаҳрҳо зарурӣ кумак мерасонад».
Шаҳрҳои вилояти Суғд, аз қабили Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон, таърихи саноатии хосе доранд, ки дар натиҷаи истихроҷи уран дар давраи шӯравӣ ташаккул ёфтааст. Гарчанде ки ин соҳа ба рушди маҳаллӣ мусоидат кардааст, он ҳамчунин мероси майдонҳои истихроҷи уранро боқӣ гузоштааст, ки ба сабаби хатарҳо барои саломатӣ ва муҳити зист, таваҷҷуҳи дарозмуддат ва тадбирҳои солимгардониро талаб мекунад. Имрӯз, ташаббусҳое ба мисли ин Форум, ки ҳадафашон ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии тиҷорати маҳаллӣ ва диверсификатсияи иқтисодиёт мебошад, ба ташаккули симои нави минтақа, берун аз гузаштаи истихроҷи маъдани он, кумак мерасонанд.
Иштирокчиёни Форуми IV-уми байналмилалии тиҷоратии «ROST-2026» зимни аксбардории умумӣ, Хуҷанд, вилояти Суғд, 29 октябри соли 2026.
Дар қатори дигар ҳамкорон, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи “Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба ҳалли масъалаҳои мероси уран дар Осиёи Марказӣ - Марҳилаи III” дар ин форум саҳм гузоштанд. Ин лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, тавассути САҲА ва Барномаи рушди СММ дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон амалӣ мегардад. Лоиҳа уҳдадории муштараки Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва Барномаи рушди СММ-ро дар самти ҳифзи муҳити зист ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор инъикос намуда, ба ҷомеаҳо дар ҳалли мушкилоти экологӣ ва коҳиш додани хатарҳои эҳтимолӣ барои саломатӣ ва муҳити зист, ки бо маконҳои мероси истихроҷи уран дар саросари Осиёи Марказӣ алоқаманданд, кӯмак мерасонад.