News Item
САҲА, СБМ ва Комиссияи байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси сатҳи баланд қонунгузориро оид ба муқовимат ба савдои одамон баррасӣ карданд
Намояндагони ҳукумат, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳҳои таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба савдои одамон ва беҳтар намудани расонидани кӯмак ба қурбониён дар Конфронси дуюми ҷумҳуриявии сатҳи баланд, ки 22 октябри соли 2026 дар Душанбе баргузор гардид, баррасӣ карданд.
- Issued on:
- Issued by:
- OSCE Programme Office in Dushanbe
Намояндагони ҳукумат, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳҳои таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба савдои одамон ва беҳтар намудани расонидани кӯмак ба қурбониён дар Конфронси дуюми ҷумҳуриявии сатҳи баланд, ки 22 октябри соли 2026 дар Душанбе баргузор гардид, баррасӣ карданд.
Конфронси мазкур, ки аз ҷониби Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон баргузор карда шуд, 90 иштирокчиро барои баррасии камбудиҳои қонунгузорӣ ва ислоҳоти имконпазир гирди ҳам овард.
Мавзӯъҳои асосӣ ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ба савдои одамон гирифторшуда, татбиқи принсипи ҷазо надодан барои амалҳои ғайриқонуние, ки бевосита дар натиҷаи савдои одамон содир шудаанд, инчунин таъсиси Фонди давлатии ҷуброн барои қурбониёнро дар бар гирифтанд. Иштирокчиён инчунин мушкилоти навзуҳур, аз ҷумла ҷалби одамон тавассути интернет ва истифодаи платформаҳои рақамӣ аз ҷониби шабакаҳои ҷинояткорро муҳокима карданд.
Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, генерал-полковники милитсия ва муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати бартараф намудани камбудиҳои қонунгузорӣ ва тақвияти мубориза бо савдои одамонро таъкид кард:
«Савдои одамон ҷиноятест, ки дар хомӯшӣ рушд мекунад. Он аз хомӯшии қурбонӣ, ки дар тарсу ҳарос зиндагӣ мекунад; аз хомӯшии ҷомеа, ки инро намебинад; ва аз хомӯшии қонун, ки аз замон ақиб мондааст, ғизо мегирад. Имрӯз мо ин хомӯширо мешиканем».
Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, генерал-полковники милитсия ва муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар Конфронси дуюми ҷумҳуриявии сатҳи баланд оид ба муқовимат ба савдои одамон, Душанбе, 22 октябри соли 2026.
Нигина Ализода, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти механизмҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ, инчунин ҳамкории байни давлатҳоро дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ қайд кард. Ӯ зикр намуд, ки конвенсияҳои Минск ва Кишинёв «заминаи ҳуқуқии рушди ҳамкории байнидавлатиро дар мубориза ба ҷиноятҳои фаромиллӣ, бахусус савдои одамон, фароҳам меоранд».
Фейзо Нуманай, иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбар ва кордори муваққатии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, аҳамияти ҳамкории пайвастаро дар муқовимат ба савдои одамон таъкид кард:
«Дастгирии САҲА ба қабули қонунҳои махсус оид ба муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ворид намудани муқаррарот дар бораи ҷазо надодани қурбониён ба Кодекси ҷиноятӣ, мусоидат кардааст. Имрӯз савдогарони одамон аз технологияҳо фаъолона истифода мебаранд, то қурбониёнро ҷалб ва назорат кунанд ва дороиҳои ғайриқонунии худро пинҳон созанд. Барои муқовимат ба савдои одамон ҳамкории зичи муассисаҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ зарур аст».
Иштирокчиён барои такмили қонунгузорӣ, тақвияти кӯмак ба қурбониён ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти дахлдор пешниҳодҳо карданд. Интизор меравад, ки ин тавсияҳо ҳангоми таҳияи тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ ва нақшаҳои миллии амал ба назар гирифта шаванд.
Намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Конфронси дуюми ҷумҳуриявии сатҳи баланд оид ба муқовимат ба савдои одамон, Душанбе, 22 октябри соли 2026.
Аз соли 2016 инҷониб, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва институтсионалии муқовимат ба савдои одамон ҳамкорӣ мекунад. Дафтар дар ҳамкорӣ бо СБМ дар таъсиси Механизми миллии бозравонӣ барои қурбониёни савдои одамон саҳм гузошта, дастгирии татбиқи онро идома медиҳад. Дафтар инчунин ба таҳия ва қабули се Нақшаи миллии амал барои солҳои 2019–2025 мусоидат намуда, мониторинг ва таҳқиқотро дастгирӣ кардааст ва ба таҳкими муколама байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намудааст.