News Item

САҲА иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар истифодаи масъулона ва ахлоқии зеҳни сунъӣ, аз ҷумла дар заминаи муқовимат ба терроризм, тақвият медиҳад

Рӯзҳои 29 ва 30 сентябри соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи мубориза бо терроризми Раёсати таҳдидҳои фаромиллии Котиботи САҲА, дар шаҳри Душанбе омӯзиши дурӯзаро оид ба истифодаи масъулона ва ахлоқии зеҳни сунъӣ баргузор намуд.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Мубориза бар зидди терроризм

Рӯзҳои 29 ва 30 сентябри соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи мубориза бо терроризми Раёсати таҳдидҳои фаромиллии Котиботи САҲА, дар шаҳри Душанбе омӯзиши дурӯзаро оид ба истифодаи масъулона ва ахлоқии зеҳни сунъӣ баргузор намуд. Омӯзиш барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, ба масъалаҳои истифодаи масъулона ва ахлоқии зеҳни сунъӣ, аз ҷумла дар заминаи муқовимат ба терроризм, бахшида шуд.

Дар омӯзиш 18 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ карданд, иштирок карданд. Дар ҷараёни омӯзиш ба иштирокчиён донишҳои амалӣ оид ба имкониятҳо, маҳдудиятҳо ва хатарҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла дар заминаи муқовимат ба терроризм, пешниҳод гардид.

Диққати махсус ба масъалаҳои назорат аз ҷониби одамон, масъулиятшиносӣ, шаффофият, ҳифзи маълумот ва коркарди бехатари иттилооти махфӣ дода шуд. Инчунин, дар ҷараёни курс иштирокчиён бо маҷмӯи воситаҳои INTERPOL-UNICRI оид ба истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ шинос шуда, омодагии институтсионалиро барои ҷорӣ намудани масъулонаи технологияҳои зеҳни сунъӣ баррасӣ карданд.

Ҳангоми ифтитоҳи омӯзиш, Юэн Тодд, Роҳбари Шуъбаи сиёсӣ-низомии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, аҳамияти нигоҳ доштани қазовати касбӣ ва масъулияти инсониро дар шароити вориднамоии бештари технологияҳои нав ба фаъолияти касбӣ таъкид намуд.

«Мо дар ин ҷо на барои он ҷамъ омадем, то бигӯем, ки зеҳни сунъӣ барои ҳар мушкилот роҳи ҳал дорад. Ин тавр нест. Мо барои он ҷамъ омадем, то беҳтар дарк кунем, ки он дар куҷо метавонад кумак расонад, дар куҷо бояд эҳтиёткор бошем ва дар куҷо инсон бояд назорати қатъиро дар даст нигоҳ дорад», — гуфт Тодд ҳангоми суханронии ифтитоҳии худ.

Ҷаноби олӣ Йорк Шуграф, Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон, аҳамияти муносибати ҳамаҷониба ба масъалаҳои навоварӣ, амният ва ҳифзи ҳуқуқҳои бунёдиро таъкид кард.

Барнома муҳокимаҳоро бо машқҳои амалӣ оид ба истифодаи масъулона ва амалии зеҳни сунъӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваст намуд. Иштирокчиён истифодаи натиҷаҳои тавлидкардаи зеҳни сунъиро машқ карда, кафолатҳои асосӣ, аз ҷумла назорати инсонӣ, ҳифзи маълумот ва омодагии институтсионалиро омӯхтанд.

Омӯзиш аз ҷониби лоиҳаи CLEAR-и Шуъбаи таҳдидҳои фаромиллии Котиботи САҲА (Тафаккури интиқодӣ, саводи иттилоотӣ ва расонаӣ, зеҳни сунъии ахлоқӣ ва устуворӣ барои пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез ва радикализатсияе, ки ба терроризм оварда мерасонад) дастгирӣ карда шуд. Лоиҳаи CLEAR аз ҷониби Олмон, Финляндия, Норвегия ва Иёлоти Муттаҳида маблағгузорӣ мешавад.

Отабек Рашидов, корманди барномаҳои Бахши мубориза бо терроризми Шуъбаи таҳдидҳои фаромиллии Котиботи САҲА (аз чап), омӯзишро муаррифӣ намуда, ҳадафҳои онро дар чорабинии таълимии дурӯза оид ба истифодаи масъулона ва ахлоқии зеҳни сунъӣ шарҳ медиҳад, Душанбе, 29 сентябри соли 2026.

Лоиҳаи CLEAR ба кишварҳои иштирокчӣ дар тақвияти усулҳои ҳамаҷониба ва мутобиқ ба меъёрҳои ҳуқуқи инсон барои пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез ва радикализатсияе, ки ба терроризм оварда мерасонад, мусоидат мекунад. Ин падидаҳо дар муҳити интернетӣ зуҳур мекунанд ё аз он сарчашма мегиранд ва истифодаи нодурусти интернет, технологияҳои нав ва зеҳни сунъиро бо ҳадафҳои террористӣ дар саросари минтақаи САҲА дар бар мегиранд.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan

Anisa Hojieva

National Communications and Outreach Officer

OSCE Program Office in Dushanbe

18 A A.Donish street
Dushanbe
Tajikistan