News Item

САҲА иштироки ҷавононро дар IV Форуми ҷавонони ҳавзаи Сирдарё дар шаҳри Гулистон тақвият медиҳад

1 октябри соли 2026 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист, ташкилотҳои Helvetas, ACTED, GIZ дар Тоҷикистон ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, IV Форуми ҷавонони ҳавзаи Сирдарёро дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ташкил намуданд.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Муҳофизати муҳити зист

1 октябри соли 2026 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист, ташкилотҳои Helvetas, ACTED, GIZ дар Тоҷикистон ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, IV Форуми ҷавонони ҳавзаи Сирдарёро дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ташкил намуданд. Ин чорабинӣ беш аз 170 иштирокчӣ, аз ҷумла аъзои «Патрулҳои сабз», омӯзгорон, коршиносон, намояндагони ҷавонон, мақомоти давлатӣ ва шарикони рушдро аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гирди ҳам овард.

Иштирокчиён натиҷаҳои ташаббусро барои соли таҳсили 2025–2026 баррасӣ карданд. Аз ҷумла, дар доираи он беш аз 3 600 соати иловагии омӯзиши экологӣ гузаронида шуда, зиёда аз 2 500 дарахт шинонда шуд. Иштирокчиён дар нӯҳ гурӯҳ моделҳои ҳавзаи Сирдарёро сохтанд, ки робитаи байни об, табиат ва фаъолияти инсонро нишон медоданд. Машғулиятҳои амалӣ (мастер-классҳо) оид ба журналистикаи экологӣ, обҳои зеризаминӣ, роҳҳои ҳалли ба табиат асосёфтаи мушкилот, зеҳни сунъӣ ва идоракунии муштараки захираҳои об дар Осиёи Марказӣ дониш ва малакаҳои иштирокчиёнро боз ҳам васеътар намуданд.

Дар чорабинӣ инчунин ғолибони озмуни «Беҳтарин омӯзгори “Патрулҳои сабз” 2025–2026» эълон карда шуданд ва Нақшаи амали «Патрулҳои сабз» барои солҳои 2026–2027 муаррифӣ карда шуд. Ин нақша ба Барномаи давлатии таълим ва фарҳанги экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 мувофиқат мекунад.

Беш аз 170 иштирокчӣ аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла аъзои «Патрулҳои сабз», омӯзгорон, намояндагони ҷавонон ва коршиносон, барои иштирок дар IV Форуми ҷавонони ҳавзаи Сирдарё дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд гирди ҳам омадаанд, 1 октябри соли 2026.

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дастгирии ташаббусҳои пешбарандаи маърифати экологӣ, иштироки ҷавонон ва ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказиро идома медиҳад ва ба рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад. 


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan

Anisa Hojieva

National Communications and Outreach Officer

OSCE Program Office in Dushanbe

18 A A.Donish street
Dushanbe
Tajikistan