News Item

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаласаи солонаи Платформаи шарикиро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд

Рӯзи 1 октябри соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ҷаласаи солонаи Платформаи шарикиро баргузор намуд, ки дар он ҳудуди 60 нафар, аз ҷумла намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони САҲА, ки дар ҳар се андозагирии амният фаъолият мекунанд, ширкат варзиданд.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe

Рӯзи 1 октябри соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ҷаласаи солонаи Платформаи шарикиро баргузор намуд, ки дар он ҳудуди 60 нафар, аз ҷумла намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони САҲА, ки дар ҳар се андозагирии амният фаъолият мекунанд, ширкат варзиданд.

Ҷаласа имконият фароҳам овард, то дастовардҳои Дафтари барномаҳоро дар соли 2026 баррасӣ ва самтҳои афзалиятноки стратегӣ барои ҳамкорӣ дар соли 2027 муайян карда шаванд. Муҳокимаҳо ба фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон дар се андозагирии муносибати ҳамаҷониба ва ба ҳамкорӣ асосёфтаи он ба амният: андозагирии сиёсӣ-низомӣ, иқтисодӣ-муҳитзистӣ ва инсонӣ равона карда шуда, ҳамзамон самтҳои мавриди манфиати муштарак барои соли 2027 таъкид гардиданд. Ҷаласа инчунин фаъолияти Коллеҷ барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ - ташаббуси пешбари САҲА, ки онро Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбонӣ мекунад, баррасӣ кард.

Стефан Наннер, Муовини директори Хадамоти дастгирии сиёсати Маркази пешгирии низоъҳои САҲА, гуфт: 

“Ин чорабинии муҳими солона бисёре аз ҳадафҳоеро, ки САҲА барои ноил шудан кӯшиш мекунад, таҷассум мекунад: ҳамкории муштарак, муколамаи ошкоро ва шаффоф ва ӯҳдадории муштарак барои таҳкими амният, субот ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саросари минтақаи васеътари Осиёи Марказӣ”.

Амриё Бобозода, сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти муколамаи пайвастаро таъкид намуда, изҳор дошт: 

“Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории созанда бо САҲА аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Мо нақши Созмонро ҳамчун платформаи фарогир барои муколама оид ба масъалаҳои амният, пешгирии таҳдидҳои фаромиллӣ, таҳкими сулҳу субот ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ хеле баланд арзёбӣ мекунем”.

Фейзо Нуманай, Иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбар ва Кордори муваққатии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, дар бораи пешрафт дар самтҳои фаъолияти Дафтар гуфт: 

“Дар тӯли соли равон, мо дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳар се андозагирии амнияти САҲА идома додем. Яке аз натиҷаҳои муҳим анҷоми лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришуда дар сарҳади ҷанубӣ бо Афғонистон буд; дар доираи ин лоиҳа аз соли 2020 инҷониб беш аз 2100 корманди сарҳадӣ, аз ҷумла 120 зан, омӯзонида шуданд. Лоиҳа инчунин як қатор таҷҳизот, аз ҷумла 182 камераи назорати сарҳадӣ ва як шӯъбаи беморхонаи пурра муҷаҳҳазшударо дар шаҳри Хоруғ таъмин кард”.

Дар андозагирии иқтисодӣ ва муҳитзистӣ, ӯ қайд кард, ки Дафтари барномаҳо корро оид ба идоракунии самарабахш ва ҳамгироӣ, аз ҷумла арзёбии аввалини хатари дороиҳои виртуалӣ дар кишвар ва дастгирии Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба захираҳои обӣ дар моҳи май пеш бурд. Ӯ инчунин кӯшишҳои муқовимат ба савдои одамон, мусоидат ба баробарии гендерӣ ва дастгирии иштироки фарогирро таъкид кард. 

“Шабакаи 14 Маркази захиравии занон, ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ мешавад ва тавассути саҳмҳои ғайрибуҷавии Австрия, Финляндия, Олмон, Ирландия ва Норвегия маблағгузорӣ мешавад, таъмини кӯмаки ҳуқуқӣ ва равониро идома дода, ҳамзамон ба ҳазорон зан, бахусус дар минтақаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар беҳтар кардани имкониятҳои шуғл кӯмак расонид”, афзуд ӯ.

Платформаи шарикӣ, ки соли 2018 таъсис ёфтааст, ҳамчун форуми асосӣ барои муколамаи ошкоро, шаффофият ва моликияти маҳаллӣ хизмат мекунад. Ҷаласаи имсола фаъолияти Дафтари барномаҳои САҲА-ро дар доираи васеи самтҳо, аз амнияти сарҳадӣ ва пешгирии таҳдидҳои фаромиллӣ то идоракунии самарабахш, ҳамгироӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи об, ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва муқовимат ба хариду фурӯши одамон баррасӣ намуда, ҳамзамон дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро барои соли 2027 муайян кард.

Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони САҲА, ки дар андозагирии сиёсӣ-ҳарбӣ, иқтисодӣ-муҳитзистӣ ва инсонии амният фаъолият мекунанд, зимни аксбардории гурӯҳӣ дар ҷаласаи солонаи Платформаи шарикӣ дар Душанбе, 1 октябри соли 2026.

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҳамкории зичро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони он идома дода, барои мутобиқати фаъолияти оянда ба ваколатҳои Дафтари барномаҳо ва афзалиятҳои кишвари мизбон талош хоҳад кард.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan

Anisa Hojieva

National Communications and Outreach Officer

OSCE Program Office in Dushanbe

18 A A.Donish street
Dushanbe
Tajikistan