Skip Links

News Item

САҲА конфронси байналмилалиро барои пешбурди рушди энергияи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ кард

Аз 2 то 4 июли соли 2026 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ-амалиро таҳти унвони «Рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия: Вазъияти кунунӣ ва дурнамо», ки дар ҳамкории зич бо Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дастгирӣ намуд.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Муҳофизати муҳити зист

Аз 2 то 4 июли соли 2026 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ-амалиро таҳти унвони «Рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия: Вазъияти кунунӣ ва дурнамо», ки дар ҳамкории зич бо Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дастгирӣ намуд. Конфронси мазкур дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки беш аз 150 ширкаткунанда, аз ҷумла 15 зан - намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, донишкадаҳо, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро гирд овард.

Конфронс барои муколамаи ҷонибҳои асосии манфиатдор оид ба суръат бахшидан ба рушди энергияи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардани усулҳои амалии баланд бардоштани амнияти энергетикӣ ва устувории кишвар замина фароҳам овард. Иштирокчиён таҷрибаҳои байналмилалӣ ва донишҳои навтарини илмӣ оид ба гидроэнергетика, энергияи офтоб ва шамол, самаранокии энергия, арзёбии захираҳо ва ворид намудани технологияҳои энергияи барқароршаванда ба системаҳои миллии энергетикиро мубодила карданд. Музокирот инчунин имкониятҳои ҳамкориҳои густурдаи илмӣ, инноватсия ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Конфронс инчунин ба пешбурди муколамаи сиёсӣ тавассути муайян кардани чораҳо оид ба таҳкими заминаи меъёрӣ оид ба энергияи барқароршаванда, мусоидат ба сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии қабули технологияҳои инноватсионӣ ва моделҳои тиҷорат мусоидат намуд. Он шарикии байни ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва байналмилалиро таҳким бахшида, заминаҳои ҳамкориҳои давомдорро барои дастгирии гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши энергетикаи гуногунранг (диверсификатсияшуда) ва устувор фароҳам овард.

Чорабинии мазкур дар доираи ӯҳдадориҳои доимии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе оид ба дастгирии амнияти энергетикӣ, таҳкими идоракунии энергетика ва густариши муколама ва шарикӣ барои рушди устувори энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan

Anisa Hojieva

National Communications and Outreach Officer

OSCE Programme Office in Dushanbe

Communications and Reporting Unit

18a Ahmadi Donish street
Dushanbe
Tajikistan