Skip Links

News Item

САҲА барои кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти аксуламал ба савдои одамон омӯзиш баргузор намуд

з 1 то 3 июли соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе семинари серӯзаи таълимиро барои 21 намояндаи (14 зан ва 7 мард) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кард. Дар байни иштирокчиён кормандони дармонгоҳҳо, таваллудхонаҳо ва мақомоти тандурустӣ ҳузур доштанд.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон

Аз 1 то 3 июли соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе семинари серӯзаи таълимиро барои 21 намояндаи (14 зан ва 7 мард) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кард. Дар байни иштирокчиён кормандони дармонгоҳҳо, таваллудхонаҳо ва мақомоти тандурустӣ ҳузур доштанд.

Семинар ба таҷрибаҳо ва стандартҳои пешқадами муайян кардани қурбониёни савдои одамон, бозравониии онҳо ба хадамоти дахлдор ва таъмини дастгирӣ ва барқарорсозӣ, аз ҷумла дар парвандаҳои марбут ба савдои кӯдакон бахшида шуда буд. Инчунин, он иштирокчиёнро бо нишондиҳандаҳои савдои одамон, қоидаҳои рафтори кормандони соҳаи тандурустӣ, ки ба ҷабрдидагон кӯмак мерасонанд, усулҳои бурдани парвандаҳо ва тартиби аксуламал барои парвандаҳои савдои одамон шинос кард.  

Тавассути якҷоя кардани машғулиятҳои амалӣ ва мубоҳисавӣ, семинар инчунин малакаи мутахассисони соҳаи тандурустиро барои муайян кардани ҳолатҳои эҳтимолии савдои одамон, дастгирии мустақим ба қурбониёни муайяншуда ва бозравонии онҳо ба муассисаҳо ва ташкилотҳои шарик барои барқарорсозӣ ва ба ҷомеа баргардонидани минбаъда тақвият дод.

Иштирокчиён ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои ташаббуси таълимӣ изҳори сипос карданд ва аҳамияти ташкили чорабиниҳои шабеҳи таълимиро барои кормандони соҳаи тандурустӣ дар оянда таъкид карданд.

Фаъолияти мазкур дар доираи дастгирии САҲА ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои ӯҳдадориҳо барои пешгирӣ ва мубориза бо ҳама гуна шаклҳои савдои одамон сурат гирифт. 
 


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan

Anisa Hojieva

National Communications and Outreach Officer

OSCE Programme Office in Dushanbe

Communications and Reporting Unit

18a Ahmadi Donish street
Dushanbe
Tajikistan