Skip Links

News Item

Даври нави пурраи курси минтақавӣ оид ба нобудсозии маводи тарканда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расид

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Назорати яроқу аслиҳа

Аз 4 то 22 майи соли 2026, Маркази минтақавии таълимӣ оид ба хавфи воситаҳои хатарноки таркандаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо), марҳилаи сеюм ва ниҳоии курси минтақавии нобудсозии маводи таркандаро (НМТ) ба итмом расонд.

Дар натиҷаи барномаи сеҳафтаинаи босуръат, 14 мутахассиси нобудсозии маводи тарканда аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон малакаҳои назариявӣ ва амалии худро дар соҳаи нобудсозии маводи тарканда мувофиқи cтандартҳои байналмиллалӣ оид ба амалиёти зидди минаҳо такмил доданд. Иштирокчиён Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ, инчунин дигар муассисаҳои давлатиро намояндагӣ карданд.

Иштирокчиён омӯзиши ҳамаҷониба оид ба чораҳои бехатарии минарӯбии башардӯстона ва хориҷ кардан, интиқол додан ва нобуд кардани маводи тарканда гирифтанд. Ин фаъолиятҳо ба ҳадафҳои барномаи Ҳамкории ҳамаҷонибаи Дафтари барномаҳо дар рафъи хатари маводи тарканда (ICExH)-и САҲА, ки ҳадафи он беҳтар кардани бехатарӣ ва идоракунии умумии маводи тарканда дар Осиёи Марказӣ мебошад, мусоидат карданд.

Мутобиқи ҳадафи лоиҳа, ки ба таъмини худкифоии Маркази минтақавии таълимӣ равона шудааст, омӯзишро роҳбаладони Маркази минтақавии таълимӣ гузарониданд, ки аз ҷониби афсарони миллии таълимии барномаи ICExH ва намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Белгия назорат ва роҳнамоӣ карда шуданд. Ин усул дониши қавии пойдор ва таҷрибаи афзояндаи роҳбаладони Маркази минтақавии таълимӣ дар амалиёти нобудсозии маводи тарканда нишон дод.

22 май маросими пӯшидашавӣ бо иштироки Мушовири Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Маъруф Шарифӣ ва директори Маркази миллии минарӯбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Асозода Абдулмӯъмин, инчунин намояндагони сафоратхонаҳои ИМА ва Олмон дар Душанбе баргузор шуд.

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дастгирии моддӣ ва молиявиро барои омӯзиш таъмин кард, ки тавассути саҳмҳои ғайрибуҷавии Иёлоти Муттаҳида ва Олмон ба барномаи ICExH имконпазир гардид.

Анҷоми бомуваффақияти даври курсҳои минтақавии нобудсозии маводи тарканда қадами муҳим дар тақвияти иқтидори минтақавӣ барои муқовимат ба таҳдидҳои маводи тарканда буда, ба таъмини муҳити бехатар дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.

Ғайр аз ин, дар маросими пӯшидашавӣ, Маркази минтақавии таълимӣ ба “Шаҳодатномаи мутобиқати системаи идоракунии сифати он ба талаботи ISO 9001:2015” ноил шуд. Ин сертификатсия бо кумаки Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва дастгирии Маркази устуворсозӣ ва барқарорсозии байналмилалии Донишгоҳи Ҷеймс Мэдисон дар Иёлоти Муттаҳида ба даст оварда шуд.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan