Skip Links

News Item

САҲА густариши ташаббуси “Патрулҳои сабз”-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ мекунад

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Муҳофизати муҳити зист

Рӯзҳои 4 ва 5 май, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, бо ҳамкории Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист, дар Душанбе омӯзиши дурӯзаи мураббиёнро доир намуд, ки ба тақвият ва густариши ҳаракати экологии ҷавонон “Патрулҳои сабз” дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда буд.

Дар ин омӯзиш 20 иштирокчӣ, аз ҷумла омӯзгорон, намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ташаббусҳои ҷавонон, ки дар соҳаи баланд бардоштани сатҳи огоҳии экологӣ фаъоланд, ҷамъ омаданд. Барнома ба муҷаҳҳаз кардани иштирокчиён бо методологияҳои амалӣ ва интерактивӣ барои таблиғи огоҳии экологӣ ва амалияҳои устувор дар байни ҷавонон нигаронида шуда буд. Иштирокчиён малакаҳои худро дар роҳбаладӣ, кори гурӯҳӣ ва омӯзиши таҷрибавӣ такмил доданд ва дарсҳои хурдро дар мавзӯъҳои калидӣ, аз қабили идоракунии захираҳои обӣ, гуногунии биологӣ, идоракунии партовҳо ва тағирёбии иқлим таҳия карданд.

Омӯзиш инчунин машғулиятҳоро дар бораи банақшагирии фаъолиятҳои минтақавӣ, барқарор кардани шарикӣ бо мактабҳо ва марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва истифодаи воситаҳои мониторинг ва гузоришдиҳӣ дар бар гирифт. Дар доираи барнома, иштирокчиён нақшаҳои амалии инфиродиро таҳия карданд, ки қадамҳои мушаххасро барои татбиқи фаъолиятҳои минбаъда дар минтақаҳои дахлдори худ дар давоми 30 то 60 рӯзи оянда муайян карданд.

Фаъолияти мазкур бар таҷрибаи беш аз 20-солаи ташаббуси «Патрулҳои сабз» асос ёфтааст, ки беш аз 10,000 хонандаро ба омӯзиши экологӣ ҷалб кардааст ва рушди иқтидорҳои маҳаллиро барои пешбурди амалияҳои сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ваколати САҲА оид ба таъмини амнияти ҳамаҷониба тавассути ҳамкории экологӣ ва рушди устувор дастгирӣ мекунад.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan