Skip Links

News Item

Тавонмандсозии занон тавассути соҳибкории иҷтимоӣ дар вилояти Суғд

Аз 13 то 18 апрели соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар маркази  амрикои дар Хуҷанд барои 19 иштирокчӣ омӯзиши  шашрӯзаи  соҳибкории  иҷтимоиро  баргузор кард.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Žene, mir i sigurnost

Аз 13 то 18 апрели соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар маркази  амрикои дар Хуҷанд барои 19 иштирокчӣ омӯзиши  шашрӯзаи  соҳибкории  иҷтимоиро  баргузор кард. Ин омӯзиш ба  ҷабрдидагони  зӯроварии  хонаводагӣ  ва афроди зери  хатар малакаҳо ва дастгирии муҳимро фароҳам овард ва ҳамзамон қобилияти иштирокчиёнро барои эҷоди манбаҳои устувори зиндагӣ тавассути соҳибкорӣ тақвият дод.

Маркази захиравии занон ASTI ва лоиҳаи Дафтари барномаҳо “Марказҳои захиравии занон” омӯзишероякҷоя доир намуданд, ки панҷ рӯзи омӯзиши босуръатро бо рӯзи ниҳоӣ  барои машғулиятҳои муаррифӣ муттаҳид кард, ки дар он иштирокчиён афкори тиҷоратии  худро муаррифӣ карданд. Барномаи таълимӣ самтҳои калидӣ, аз қабили асосҳои  соҳибкории иҷтимоӣ, тавлиди пешниҳодҳо, таҳияи модели тиҷорат, саводнокии молиявӣ вадастрасӣ ба захираҳо, стратегияҳои нархгузорӣ ва омодасозии муаррифиро фаро гирифт.

Пас аз пешниҳоди муаррифиҳо, Дафтари барномаҳо ба  иштирокчиён барои кӯмак дар  оғоз ва рушди ташаббусҳои тиҷоратии онҳо гранти ибтидоӣ медиҳад ва таъмин мекунад, ки дониши бадастовардаашонро ба имкониятҳои воқеии иқтисодӣ табдил диҳанд.

Омӯзиш якчанд натиҷаҳои муҳимро ҳосил намуд, аз ҷумла такмили ихтисос дар соҳибкории иҷтимоӣ, беҳтар кардани малакаҳои банақшагирии тиҷорат ва рушд ва тақвияти саводнокии молиявӣ ва омодагии муаррифӣ дар байни иштирокчиён. 

Ситора Раҳматова, иштирокчӣ, дар бораи таҷрибаи худ чунин нақл кард: «Баъзан як қадам ҳама чизро тағйир медиҳад. Ин танҳо омӯзиш набуд - ин боварӣ ба худам, дастгирӣ ва илҳом буд. Дар омӯзиш ман фаҳмидам, ки орзуи ман на танҳо орзу, балки ҳадафи воқеӣ аст, ки ман метавонам ба он ноил шавам».


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan