Skip Links

News Item

САҲА таъсиси Шӯрои донишҷӯёнро оид ба масъалаҳои захираҳои об ва иқлим дастгирӣ мекунад ва ихтисоси мутахассисони ҷавонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дод

2–3 апрели соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкории зич бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, чорабинии дурӯзаро дар Душанбе доир намуд, ки ҳадафи он тақвияти ҷалби ҷавонон ва такмили ихтисос дар бахши об буд.

Issued on:
Issued by:
OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Муҳофизати муҳити зист

2–3 апрели соли 2026, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкории зич бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, чорабинии дурӯзаро дар Душанбе доир намуд, ки ҳадафи он тақвияти ҷалби ҷавонон ва такмили ихтисос дар бахши об буд. Дар ин чорабинӣ 35 нафар иштирокчиён, аз ҷумла 11 зан, аз шумули донишҷӯён ва аспирантҳо, мутахассисони навкор, омӯзгорони донишгоҳҳо, мақомоти давлатӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. 

Дар рӯзи аввал, иштирокчиён бо консепсия, ҳадафҳо, механизми идоракунӣ ва нақшаи амали Шӯрои донишҷӯён оид ба масъалаҳои захираҳои об ва тағйирёбии иқлим (Шӯро) шинос карда шуданд ва сипас таъсиси расмии он баргузор гардид. Шӯро ҳамчун платформа барои тарбияи насли нави мутахассисони соҳибихтисоси бахши об ва баланд бардоштани иштироки ҷавонон дар равандҳои сиёсати миллии бахши об хизмат хоҳад кард.

Дар рӯзи дуюм, аъзои Шӯро дар машғулиятҳои таълимии такмили ихтисос оид ба идоракунии фарогири захираҳои об, қонунгузории миллии об ва тағирёбии иқлим иштирок намуданд. Ин машғулиятҳо дарки онҳоро дар бораи мушкилоти калидии соҳавӣ тақвият доданд ва онҳоро бо донишҳои амалӣ барои дастгирии рушди академӣ ва касбии худ муҷаҳҳаз карданд.  

Ин ташаббус, ки бо ҳадафҳои Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 мувофиқ аст, ба рушди тавонмандии ҷавонон ва фарогирии онҳо дар бахши об мусоидат мекунад. Бо муҷаҳҳаз кардани ҷавонон бо дониш, малака ва имкониятҳои дахлдор барои ҷалби онҳо, он иштироки пурмазмуни онҳоро дар равандҳои қабули қарорҳо дастгирӣ мекунад. Инчунин, он бо таъкид кардани имкониятҳои гуногуни касбӣ ва нақши муҳими он дар рушди устувор, ҷолибияти бахши обро барои ҷавонон афзоиш медиҳад. Тақвияти ҷалби ҷавонон ба идоракунии об дар сатҳи фарогир, вокуниши фаврӣ ва самаранок мусоидат мекунад ва дар айни замон рушди насли нави мутахассисони содиқи бахши обро дастгирӣ мекунад.


Contacts

Мунира Шоинбекова

Ёрдамчии калон оид ба ВАО ва равобит бо ҷомеа

Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
кӯчаи Аҳмади Дониш 18a
734012 Душанбе
Tajikistan